Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Меҳру сеҳри шеър

Ишқ омаду гарди фитна дар ҷонам бехт,
Дил хун шуду ақлу дониш аз ман бигурехт,
З-ин воқеа ҳеҷ дўст дастам нагирифт
Ҷуз дида, ки ҳарчи дошт, дар поям рехт!

То аз бари ман ёри писандида бирафт,
Нокарда маро видоъу нодида бирафт.
Дар хуни касеам, ки ба нодонӣ гуфт:
«Аз дил биравад, ҳар он ки аз дида бирафт».

Дил ҷойи ғами туст чунон танг, ки ҳаст,
Гул чокари рўйи ту ба ҳар ранг, ки ҳаст.
Аз оби ду чашми ман бигардад ҳар шаб
Ҷуз санги дилат ҳар осиёсанг, ки ҳаст!

Хат бин, ки фалак бар рухи дилхоҳ навишт,
Бар гул рақаме бунафша бегоҳ навишт.
Хуршед ба бандагӣ-ш медод хате,
Коғаз магараш набуд, бар моҳ навишт?!

Бозори дилам бо сару савдот хуш аст,
Шатранҷи ғамам бо рухи зебот хуш аст,
Доим дорӣ маро ту дар хонаи мот,
Эй ҷону ҷаҳон, магар ки бо мо-т хуш аст?!

Оташ бивазиду ҷомаи шўм бисўхт
В-аз шумии шўм нимаи рўм бисўхт,
Бар пой шудам, ки шамъро биншонам,
Оташ зи сари шамъ ҳама мўм бисўхт!

Гардуни сияҳкоса ба тосе монад,
Як дам назанад, ки бар асосе монад,
Қасди дарави киштаи умрам дорад
В-инак, маҳи нав, бубин, ба досе монад!

пешина
аз 323
навбатӣ