МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Низом Қосим
То зан набарӣ, к-аз пайи ҷон мегирям,
З-ин сон, ки ба пайдову ниҳон мегирям,
Аз об латифтар намудӣ худро,
Дар чашми ман омадӣ, аз он мегирям!
Ман дил зи ту барнагирам осон-осон
В-ар худ зи ғамат бимирам осон-осон.
Не ёри дигар кунам ба бозӣ-бозӣ,
Не меҳри дигар пазирам осон-осон.
Чун нест падид дар ғамаш беруншав,
Эй дида, ту хун бигирйу эй дил, хун шав!
Эй дил, ту навомўз наӣ дар раҳи ишқ,
Ҳоҷат набувад маро, ки гўям чун шав!
Бо рўйи чу навбаҳору бо хўйи дайӣ,
Бо ман чу хумору бо дигар кас чу майӣ,
Бахти бади ман ҳамекунад сустпайӣ
В-арна ту чунин сахтгумон низ найӣ!
Шахсе дорам, диле хароб андар вай,
Ҷоне дорам, ҳазор тоб андар вай
В-аз орзуи рўйи ту дорам шабу рўз
Чашмеву ҳазор чашма об андар вай!
Уштурбоно, чу азм кардӣ ба сафар,
Магзор маро хаставу з-ин ҷо магузар.
Гар уштур бо ту аз пайи боркашист,
Ман боркаши ғамам, маро низ бибар!
Дилдор ба ҳаммом шуд аз мастии хоб,
Эй дидаву дил, хидмати ўро дарёб:
Эй дил, ту бирав, оташи гармоба битоб
В-эй дида, ба расми хеш мерез ту об!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё