МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Меҳру сеҳри шеър
Чун қарни XII даври камолоти рубоӣ буд, аз Маҳастӣ, асосан, чорпораҳои амиқмазмуну ширинбаёне ба ёдгор мондаанд, ки ўро ҳамрадифи устодони ин навъи шеър медоранд. Бисёр муҳаққиқон шоираро маҳз бо ибораи «устоди рубоӣ Маҳастӣ» тавсиф кардаанд. Аз ҷумла академик Ян Рипка ба ҳунари шоирии ў чунин баҳои баландро раво дидааст: «махсусияти Маҳастӣ ўро мусбатан бар ҳамаи дигар шоираҳои камаҳаммияти давраи классикӣ бармало тарҷеҳ медиҳад» (асари мазкур, саҳ.196–197). Аз қавли «Энсиклопедияи советии тоҷик», худи шоира бо номи «Чоргоҳи Меҳситӣ» девоне тадвин карда будааст.
Агарчӣ Маҳастӣ (чун ҳаким Низомӣ) ба туркӣ ягон сатр надорад, хуш аст, ки озарбойҷониҳо ўро дар тарҷума мехонанду чун шоири худ гиромӣ медоранд. Ба номаш гузошта шудани хиёбонҳо, китобхонаҳо, омўзишгоҳ, мактаби миёна, театр, осорхона, қад афрохтани пайкараҳояш, оид ба ҳаёту эҷодаш таълиф шудани асарҳои зиёди илмиву адабӣ далели ин эҳтирому муҳаббат аст.
Намунаҳои шеъри Маҳастӣ
Мангар ба замин, ки хоку обат бинад,
Мангар ба фалак, ки офтобат бинад.
Ҷонам бишавад зи ғайрат, эй ҷону ҷаҳон,
Гар з-он ки шабе касе ба хобат бинад!
Ман аҳди ту сахт суст медонистам,
Нашкастани он дуруст медонистам.
Ҳар душманӣ, эй дўст, ки бо ман кардӣ,
Охир кардӣ, нахуст медонистам!
Ҳар нола, ки бар сари шутур мекардам,
Дар пойи шутур нисори дур мекардам,
Ҳар чоҳ, ки корвон тиҳӣ кард зи об,
Ман боз ба оби дида пур мекардам!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё