МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Низом Қосим
- Дар маҷлиси дигар шоҳ Маҳастиро маҷбуран шароб менўшонад ва, чун навбати шохҷоми сеюм мерасад, шоира бо лутфи ширин мегўяд:
Шоҳо, зи манат мадҳу сано бас бошад,
З-ин аврати бечора дуо бас бошад,
Ман гов наям, на шох дархурди ман аст,
Гар гов туӣ, шох дуто бас бошад!
(Гумон намеравад, ки шоира то ҳадди «гов» хитобидани шоҳ ҷасорату пардадарӣ карда бошад, аз ин рў, тахмини солим «Гар гов манам…» ё «Гар гов шавам…» будани оғози сатри чорум аст.) Боз ҳам бино бар ривоятҳо, амир Аҳмад маъшуқааашро дар Марв пайдо кардааст ва онон, ба Ганҷа баргашта, хуш зистаанд. Вале дар ин хусус назари дигар ҳам ҳаст: «…ба сабаби иллатҳои замона, хусусан ҷангҳои қарахитоиён ва исёни туркони ғуз ба ватанаш баргашта натавониста, …аз Марв боз ба Ганҷа меравад» («Энсиклопедияи советии тоҷик», ҷилди 4, саҳ.373) Маҳастӣ байни солҳои 579–585 аз ҷаҳон даргузаштааст (яъне, беш аз сад сол умр дидааст) ва ўро, бино бар эътиқоду қаробаташ бо ҳакими Ганҷа, дар паҳлуи мақбараи Низомӣ дафн кардаанд.
Академик Ян Рипка «романи шоир Ҷавҳарӣ»-ро дар бораи Маҳастӣ зикр мекунад (асари мазкур, саҳ.197) ва манзураш бешак ишораи Давлатшоҳи Самарқандист, ки мегўяд: Ҷавҳарии Заргар – «шогирди Адиб Собир ва аз ақрони Асируддини Ахсикатӣ… достони Амир Аҳмаду Маҳастиро назм карда» (нашри мазкур, саҳ.118). Бисёр ҷолиб аст, ки «Тазкират-уш-шуаро» ҳамзамон мегўяд:
«Гўянд, ки шайхи бузургвор Низомӣ он достонро таълиф намуда» (нашри мазкур, саҳ.120). Таҳқиқи ин осор асарҳои марғуби адабиётшиносиву бадеиро ба майдон оварда метавонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё