МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Меҳру сеҳри шеър
Шоира худ он мусофирату азобҳояшро ин гуна ба қалам додааст, ки далели дигари мардонагиву сарафрозии ўст:
Дар ғурбат агарчи бахт ҳамраҳ набувад,
Боре душман зи ҳолам огаҳ набувад.
Донӣ, ки чаро гузидаам ранҷи сафар? –
То мотами шер назди рўбаҳ набувад!
Маҳастӣ дар роҳи Балх ба Марв, ки доираи бошукўҳи илмиву адабӣ дошт, меояд ва мавриди қабули гарми султон Санҷар ва шуарову уламо қарор мегирад. «Шуарои бузург, ки дар рўзгори султон Санҷар будаанду мадҳи султон гуфта ва тарбияту сила ёфтаанд, инҳоянд: Адиб Собир асту Рашиди Ватвот, Абдулвосеи Ҷабаливу Анварии Ховаронӣ, Фариди Котибу Малик Имоди Зўзанӣ, Сайид Ҳасани Ғазнавию Маҳастӣ ва Парӣ, ки маҳбубаи султон ва зарифаи рўзгор буда» (ҳамон ҷо, саҳ. 65). Дар доираи чунин ашхос мавриди қабул қарор гирифтанро метавон далели бебаҳси ҳунари шоирӣ ва маҳбубияти шахсияти Маҳастӣ донист.
Дар бораи қудрати шоирӣ ва ҳозирҷавобии Маҳастӣ ду ривояти ҷолиб ҳаст:
- «Нақл аст, ки шабе дар маҷлиси султон буд, чун берун омад, султон истифсори ҳаво мекард ва барф меборид, Маҳастӣ ин рубоиро бадеҳа назм кард ва ба арз расонид, рубоия:
Шоҳо, фалакат аспи саодат зин кард,
Аз ҷумлаи хусравон туро таҳсин кард,
То дар ҳаракат саманди зарриннаълат
Бар гил наниҳад пой, замин симин кард!
Султонро ин рубоӣ дар маҳалли қабул ва мулоими табъ афтод ва минбаъд Маҳастӣ муқарраби ҳазрати султон шуд» (Тазкираи Давлатшоҳ, ҳамон нашр, саҳ.66).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё