Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Низом Қосим

Ҳаким Низомӣ ҳам Маҳастӣ ва ё Меҳастиро бо чунин шакл дар қолаби маснавӣ гунҷонда бошад.
Яъне, масъалаи ташхиси асли тахаллуси шоира то пайдо шудани далели муътамаде дар миён мемонад.
Мувофиқи нақли маъхазҳо шоира бемаҳал аз падар маҳрум шуда, ҳамроҳи модар ба шаҳри Ганҷа меравад.
Чаро маҳз ба Ганҷа? – маълум нест, вале эҳтимолан дар ҷустуҷўйи ҷойи дилхоҳе ба шаҳри Ҳаким Низомӣ расида бошад. Ганҷа низ қаламрави султон Санҷар буд ва зери ҳукмронии ноиби ў – султон Маҳмуд (на Ғазнавӣ, балки султон Маҳмуд бинни Муҳаммад бинни Маликшоҳ – вориси султон Санҷар дар Озарбойҷон. Нигаред: Ян Рипка. «История персидской и таджикской литературы», Москва, нашриёти «Наука», 1970, саҳ. 197) қарор дошт.
Маҳастиро, ки дар ин ҳангом аллакай суханвару ҳунарманди овозадор буд, ба ҳузури ҳоким мехонанд, вале баъди чанде, боз ҳам бо сабабҳои номаълум, ба тахмини мо бино бар якрўйии шоира ва нотавонбинии ҳасудон, натанҳо аз дарбор, балки аз шаҳр меронанд. Ва сабаби инро аз васли султон саркашӣ кардани шоира маънидод намудани баъзе маъхазҳо сустбунёд менамояд. Шояд бино бар муҳаббати ҷонибайни шоираву шоири номдори он муҳит Тоҷиддин Аҳмад (амир Аҳмад) – писари хатиби Ганҷа ин ҷаврро бар ў раво дида бошанд. Дар хусуси он ишқ рубоии зерин ҳикоят мекунад:

Ман Маҳситиям, аз ҳама хубон шуда тоқ,
Машҳур ба ҳусн дар Хуросону Ироқ.
Эй пури хатиби Ганҷа, аз баҳри Худо,
Шоистаи раҳманд ба дунё ушшоқ!

Мувофиқи ривоятҳо падари Амир Аҳмад (хатиби Ганҷа) ба издивоҷи онҳо розӣ набуда ва, ғазаби султон Маҳмуд ҳам бар ин афзуда, сабабгори Ганҷаро тарк гуфтани Маҳастӣ шудааст.

пешина
аз 323
навбатӣ