МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Меҳру сеҳри шеър
Биёмад то дар он хайма баногоҳ,
Ки Моҳастӣ дар он ҷо буд бо моҳ.
Шоира худ тахаллусашро ба чанд шакл овардааст:
Ҳамдаме дилсўзтар набвад Маҳастиро чу шамъ,
Худ бибояд ашк резад дар азои хештан.
(Ин ҷо Маҳастӣ ҳам хондан мумкин аст, Меҳастӣ ҳам.)
Маҳситиро каломи шевоят
Роҳати ҷисми нотавон бахшид.
Ва ё:
Ман Маҳситиям, аз ҳама хубон шуда тоқ…
Ё:
Гў дар сари раҳ Маҳситиро дида буданд.
(Дар ин се мисол тахаллуси шоираро метавон ба ду шакл – Маҳситиву Меҳситӣ хонд.) Ҳаким Низомӣ низ зимни баёни ҳоли хеш ва шикоят ба султони замон дар «Хусраву Ширин» аз шоираи машҳури ҳамдавронаш ёд меорад:
Ситиву Маҳситиро дар ғазалҳо
Шабе сад ганҷ бахшӣ бар масалҳо.
Дар ин байт низ тахаллусро ба ду навъ – Маҳситӣ ва
Меҳситӣ хондан мумкин аст, вале ҳодисаи дигар аз эҳтимол дур нест: шоирон дар ҳар замон ба тақозои вазну
қофия калимаҳоро шикаставу дигаргун мекарданд ва шояд

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё