Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Низом Қосим

Агарчӣ рўйи ў будӣ на чун моҳ,
Валекин дошт пайванде бад-ў шоҳ.

(«Мантиқ-ут-тайр» ва «Илоҳинома»-и Фаридуддин Аттори Нишопурӣ. Теҳрон, интишороти «Паймон», 1382, саҳ. 384) Аз ин пора фикре бармеояд, ки тахаллуси шоира на Маҳастӣ («на чун моҳ»!), балки Меҳастӣ, яъне «бузург астӣ!» будааст. Чун ба хати форсӣ ҳар ду як шакл доранду дар шеър ҳамвазнанд (مهسیت), аз байти аввал Маҳастӣ ё Меҳастӣ будани тахаллус маълум нест. Мантиқи байти дуюм талқин мекунад, ки ин калима бояд маҳз «Меҳастӣ»
хонда шавад, чунки «ў на чун моҳ буд», балки «дошт пайванде бад-ў шоҳ»! (Ҳарчанд ки байти зерини шоира ин даъворо ҳам зери шубҳа мегузорад: «Ман Маҳситиям, аз ҳама хубон шуда тоқ, Машҳур ба ҳусн дар Хуросону Ироқ…»).
Чаро мо ба «Меҳастӣ» эътимод кардем? – Чунки дар бораи меҳии шоира ишораҳои зиёд аст ва дабири Султон Санҷар, ҳамсуҳбату сазовори эҳтироми бузургмардони илму адаби замон – ҳаким Умари Хайём, ҳаким Низомии Ганҷавӣ, Адиб Собир буданаш исботи ин маънист. Меҳастиро аз «шуарои бузург, ки дар рўзгори султон Санҷар будаанд» ва «маҳбубаи султону зарифаи рўзгор» зикр кардани Давлатшоҳи Самарқандӣ дар «Тазкират-уш-шуаро»
(«Тазкират-уш-шуаро», таълифи Давлатшоҳи Самарқандӣ, ба эҳтимом ва тасҳеҳи Эдвард Браун. Теҳрон, интишороти «Асотир», 1382, саҳ. 65) низ ин фикрро тақвият мебахшад.
Мавриди зикр аст, ки «маҳбубаи султон» дар ин тавсиф, ба фикри мо, на маҳрамии ҷисмӣ, балки муҳаббату эҳтиромеро ифода мекунад, ки натанҳо султон, балки аҳли замон ба он меҳзан доштаанд.
Вале дар ҳамон ҳикоят, ки чаҳор бор Меҳастӣ зикр шуда, байте ҳаст, ки бе тардид ба Маҳастӣ будани тахаллуси шоира ишорат мекунад:

пешина
аз 323
навбатӣ