МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Меҳру сеҳри шеър
Ман аз даҳани мор шакар металабам,
Аз пашшаи мода шери нар металабам!
Шерхони Лудӣ дар «Миръот-ул-хаёл» (захираи дастхатҳои шарқии АУ Тоҷикистон, №1996, варақи 295, «б») мансубияти ин рубоиро ба Ниҳонӣ таъкид кардааст.
Аз як ҷониб аҷиб ва аз тарафи дигар табиист, ки дар замонаш касе ба ин рубоӣ ҷавоб гуфта натавонистааст.
Баъди солҳо («Нўшдору, ки пас аз марг ба Суҳроб расад… »
- Н.Қ.) вазири Шоҳиҷаҳон – Саъдуллохон, калиди рамзҳои рубоиро дарёфта, чунин посух додааст:
Илм аст бараҳнарўю таҳсил зар аст,
Тан хонаи анкабўту дил болу пар аст,
Заҳр аст ҷафои илму маънӣ шакар аст,
Ҳар пашша, к-аз ў чашид, худ шери нар аст!
Бояд гуфт, ки рубоии мазкур ва посухаш зиёд машҳуранд ва соли 1953 дар як деҳаи дурдасти Масчоҳи куҳна аз забони муаллиме онро сабт кардани Аҳрор Мухторов далели ин буда метавонад (китоби мазкур, саҳ.145). Лекин дар он қарина ҷойи «зар»-и мисраи аввал «бар» аст. Ва, тахмин меравад, ки беҷо нест, чунки «аз марди бараҳнарўй»
«бар» (самар ё паҳлу, канор) талабидани зан низ табиист, агар вожаи «таҳсил»-и посухро ҳам бар биҳисобем.
Нуктаи ҷолибтари китоби академик Мухторов он аст, ки бо истинод ба ҳамон «Баёз-ул-ашъор» се шеър ва як рубоиро зери номи «Бибӣ Ниҳонӣ» овардааст. Тибқи зикри муаллиф ашъор дар баёз бо мурури айём бисёр нохоно ва пуросеб боқӣ мондаанд.
Инак, ғазали 1:
Зи ноз чашми ту ҳаргоҳ тири кин андохт,
Фалак хаданги бало бар ман аз … андохт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё