МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Низом Қосим
Ба сад ниёз ба поят фитода сари саҳӣ
Чу дар чаман………………………. (андохт)
Набуд ҳеҷ даҳони ту чун такаллум кард,
Ҳазор………………………………….(андохт)
Зи чеҳра донаи холат басаҳар чашми ту буд,
Кай тухми меҳр ба дилҳои……………(андохт)
Зи бахти тираи худ оҳ кашам, чӣ аҷаб,
Ки дард дар дилам он зулфи анбарин андохт.
Ҳазор шукр, ки раҳме ба ҳоли зору низор,
Худой дар дилат, эй шўх, нозанин андохт.
Магў ба кунҷи ғам афтодаӣ ин чунин, зи чӣ?
Ки ҳарчи ёри Ниҳонӣ маро чунин андохт.
Бояд гуфт, калимаи афтодаи мисраи дуюм бар асоси мантиқу таносуб бояд «камин» бошад, «сари саҳӣ» ҳатман «сарви саҳӣ»-ст, дар тахмини сатрҳои чоруму шашум маҷолу ҷуръат нест, вергули баъди «ҳеҷ» маънии мисраи панҷумро рўшантар мекунад, дар байти чорум ибораи «ба саҳар чашми ту» «ба сеҳри чашми ту», «кай» – «ки» ва калимаи афтода шояд «оташин» аст, дар мисраи баъдӣ пас аз «оҳ» илова намудани «агар» ҳам вазнро барқарор мекунаду ҳам мазмунро, дар байти сонӣ на «эй шўх, нозанин», балки «эй шўхи нозанин» аст, мақтаъро ба тақозои вазну маънӣ чунин тахмин метавон кард: «Магў ба кунҷи ғам афтода инчунин зи чиӣ, Ки ҳаҷри ёр, Ниҳонӣ, маро чунин андохт!». Бо ин тахмину гумонҳо нусхаи беғалаттари ғазал чунин мешавад:
Зи ноз чашми ту ҳар гоҳ тири кин андохт,
Фалак хаданги бало бар ман аз камин андохт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё