Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Меҳру сеҳри шеър

Ба сад ниёз ба поят фитода сарви саҳӣ,
Чу дар чаман………………………. (андохт)

Набуд ҳеҷ, даҳони ту чун такаллум кард,
Ҳазор………………………………….(андохт)

Зи чеҳра донаи холат ба сеҳри чашми ту буд,
Ки тухми меҳр ба дилҳои оташин андохт.

Зи бахти тираи худ оҳ агар кашам, чи аҷаб,
Ки дард дар дилам он зулфи анбарин андохт.

Ҳазор шукр, ки раҳме ба ҳоли зору низор
Худой дар дилат, эй шўхи нозанин андохт.

Магў ба кунҷи ғам афтода инчунин зи чиӣ,
Ки ҳаҷри ёр, Ниҳонӣ, маро чунин андохт!

Ғазали 2:

Ширин даҳане, лаб шакаре, ишвагаре нест,
Ку мардумаки дидаи соҳибназаре нест.

Ман дида ба роҳегузарад, ёр ба роҳе,
Афсўс, ки ў дида баҳар … нест.

Гоҳи сафар аз кўи ту маро бим зи ҷон аст (?),
Оре, сафаре нест, ки биму хатаре нест.

Набвад бар ман хубтар аз ту нигоре,
Ҳарчанд, ки дар пеши ту аз мо батаре нест.

Шарҳе ба ҷуз меҳри рухат кор надоранд,
Бе шарҳи ғами ишқи ту девору даре нест.

пешина
аз 323
навбатӣ