Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Низом Қосим

Тан нест, ки ҷонро надиҳад бар сари кўят,
Сар нест, ки дар ишқи ту дар шўру шаре нест.

Ҷўест, Ниҳонӣ, зи худо васли бутонро,
Ал-миннатуло, ки худобехабаре нест.

Саҳеҳаш:

Шириндаҳане, лабшакаре, ишвагаре нест,
К-ў мардумаки дидаи соҳибназаре нест.

Ман дида ба роҳе гузарам, ёр ба роҳе,
Афсўс, ки ў дида ба ҳар раҳгузаре нест.

Гоҳи сафар аз кўи туям бим зи ҷон аст,
Оре, сафаре нест, ки биму хатаре нест.

Набвад бари ман хубтаре аз ту нигоре,
Ҳарчанд ки дар пеши ту аз мо батаре нест.

Шаҳре ба ҷуз аз меҳри рухат кор надоранд,
Бе шарҳи ғами ишқи ту девору даре нест.

Тан нест, ки ҷонро надиҳад бар сари кўят,
Сар нест, ки дар ишқи ту дар шўру шаре нест.

Ҷустаст Ниҳонӣ зи Худо васли бутонро,
Алминнатулиллаҳ, ки худобехабаре нест!

Аз ғазали 3, мутаассифона, мақтаъ ва чанд сатри парешон хоно монда будааст, ки низ ба соҳибзавқии шоирашон далолат мекунанд. Ва ин рубоии зебо:

пешина
аз 323
навбатӣ