МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Меҳру сеҳри шеър
Расми ту ҳамеша бевафоӣ будааст,
Дил бурдану тарки ошноӣ будааст.
Эй кош набудӣ ошно ҳаргиз,
Чун оқибати кор ҷудоӣ будааст.
Ҳамин қадар меафзоем, ки «ошно» «ошноӣ» ва «будааст»-ҳо дар асл, албатта, «будаст» будаанд.
(Аз қавли Аҳрор Мухторов, «дар ҳамин баёз зери сарлавҳаи «Духтари Мирзо Абдулло» ду шеър омадааст», ки мақтаъҳояшон чунинанд:
Тоири дил буд ғамхори ману в-он низ рафт,
Баъд аз ин дигар кӣ хоҳад кард ғамхорӣ маро.
Ва:
Зоири баҳри тавофи ҳарами кўи бутон
Субҳхезӣ зи насими саҳар омўхтаам.
Ба гумони мо, ин ғазалҳо ба «Духтари Мирзо Абдулло» дахле надошта, моли «Зоирӣ» ном шоиранд. Мутаассифона, бар асари харобии дастнавис тахаллуси шоир ҷое «Тоири» хонда шудаасту ҷое – «Зоири», ки бо вуҷуди дарназардошти маънии луғавии ин калимаҳо мантиқу таносубе намедиҳад. Асли ҳол он аст, ки дар ҳарду маврид шоир ба худ хитоб дорад, яъне:
Зоирӣ, дил буд ғамхори ману он низ рафт,
Баъд аз ин дигар кӣ хоҳад кард ғамхорӣ маро?
Ва:
Зоирӣ, баҳри тавофи ҳарами кўи бутон
Субҳхезӣ зи насими саҳар омўхтаам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё