МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Низом Қосим
Дар ин ҳолат тахаллус бо амали қаҳрамони шеър таносуби қавии зебое меёбад, чунки маҳз зоир тавоф мекунад ва саҳархезӣ низ хислати чунин ашхоси ботақвост).
- Зебуннисо
Зебуннисо машҳуртарин шоираи классикии форсу тоҷик аст, ки ҳам бо рўзгор ва ҳам бо осораш байни мардум шуҳрати барозандаву арзанда дорад.
Шоираи хушкалом соли 1639 дар хонадони шоҳи Ҳиндустон Абўзафар Муҳиддин, машҳур бо лақаби Аврангзеб, дар Деҳлӣ ба дунё омадааст. Модараш Дилрасбону духтари Бадеъуззамони Шоҳнавозхон – амалдори хонадони сафавиён буд, ки дар Эрон ҳукмронӣ кардаанд.
Зебуннисо ҳанўз тифл буд, ки падару модар барои таълиму тарбия ба Ҳофиза Марям ном зане вогузораш намуданд.
Гумон меравад, ки «Ҳофиза» ишора ба ҳофизи Қуръон будани ўст, чунки, бино бар маълумоти сарчашмаҳо, шоираи оянда бо васояти ў, пеш аз ҳама, Қуръонро азбар мекунад.
Баъдан дигар илмҳои маъмули замонро амиқ меомўзад, китобе бо номи «Зеби тафосир» дар тафсири Қуръон менависад ва ончунон ба умқи дарку эҳсос мерасад, ки даст аз дунёи моддӣ бармедорад. Байти машҳураш далели ин аст:
Духтари шоҳам, валекин рў ба фақр овардаам,
Зебу зинат бас ҳаминам, номи ман Зебуннисост!
Ягона ҳамдаму ҳамроз ва анису мўниси Зебуннисо сухан будааст ва ў «дар сухан пинҳон шуда», ончунон дунёи зебои ботинашро ошкор кард, ки чеҳраи аз ҷаҳолати замон ниҳонаш бо ҳусни бехазон то абад дар чашми аҳли маънӣ ҷилвагар монд:
Дар сухан пинҳон шудам чун бўйи гул дар барги гул,
Майли дидан ҳар ки дорад, дар сухан бинад маро!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё