МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Меҳру сеҳри шеър
Чи қавист ин байт аз назари маъниву мантиқу таносуб ва чи зебову дилрас аст аз нигоҳи шеърияту хаёли шоирона!
Вобаста ба ҳамин маънӣ нуктаеро бояд таъкид намуд, ки Зебуннисо чун аксари шоирони қудратманди классик дар ашъораш пораву лаҳзаву бархурдҳои зиндагиашро латифу шоирона зикр кардааст ва ин қимати осорашро меафзояд. Чунон ки дар сарчашмаҳо омадааст ва муҳаққиқони муосир қайд кардаанд, Аврангзеб шоҳи одил набудааст, зулми бисёре ба аҳли замонаш намудааст ва, аз ҷумла, муқобили илму дониш ва табъу завқи баланди духтари шоирааш будааст. Ин ҳолатро Зебуннисо чунин ба қалам додааст:
Эй булбули хушилҳон, махрўшу дам фурў каш,
Табъи латифи султон тоби сухан надорад!
Дар замони Аврангзеб таассуби мазҳабӣ боло рафтаву хурофот доман паҳн карда, эътибори инсон ва илму ҳунарро хеле костанд. Устод Айнӣ дар бораи ин сиёсати барои ояндаи кишвар бисёр зараровар ишораи оқилонаи нозуке дорад: «…то вақте ки тадбирҳои дар замони ҳукмронии Акбар дар Ҳиндустон ба амал баровардашуда ва дўстии ҳиндуҳову мусулмонҳо барқарор буд, европагиҳо ба даруни Ҳиндустон роҳ ёфта натавонистанд» («Куллиёт», ҷилди 2, китоби дуюм, саҳ.11). Воқеан, агар дар давраи Акбаршоҳ андози замин сеяк бошад, Аврангзеб онро ба ними ҳосил расонда, натанҳо шаробхорӣ, балки мусиқию рассомиро манъ кард.
Шоираи озодманиш, аз тангназарии падар ба танг омада, нотарсона иброз доштааст:
Дин агар ин асту имон ину аҳли қибла ин,
Риштаи тасбеҳро зуннор хоҳам карду рафт!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё