МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Низом Қосим
Аз қавли сарчашмаҳо, бо туҳмати ҳасудон Аврангзеб духтари шоираашро ба барангехтани бародараш Акбар алайҳи падар низ гунаҳкор карда будааст. Аммо санги дили падари ҳукмраво ва хору хаси тангназариҳои замон натавонистаанд садди роҳи чашмаи хурўшони табъи саршори Зебуннисо бишаванд ва ў, дар тахаллуси «Махфӣ»
ниҳон шуда, ашъори обдоре баҳри ташнагони шеър эҳдо намуд.
Зебуннисо, ба маънои томи сухан, дар сухан пинҳон шуд, дар китоб, дар илму маърифат гурезгоҳи муътамаде пайдо кард. Ў китобхонаи бузурге сохт ва беҳтарин китобҳо ҷамъ оварда, ба ихтиёри ташнагони дониш вогузошт.
«Китобхонаи олам варақ-варақ ҷустам» гуфтанаш, ба гумони мо, лутфи навбатии сўфиёна нест, балки аз муҳиту ҳолати мушаххаси рўзгораш ҳосил шудааст. Ривоятҳое мавҷуданд, ки шоира натанҳо вақти зиёдашро вақфи китобу китобхона мекарда, балки ҳамзамон меҳмонони олизавқеро пазируфтаву мулоқотҳо меоростааст. Аз ҷумла, Мирзо Бедил, Носиралии Сарҳиндӣ ва Неъматхони Олиро пазируфта, лутфу суҳбатҳо доштааст. «Зебуннисо-бегим ҳиммат ба ҳоли арбоби фазлу камол масруф медошта ва ҷомеае касир аз уламову шуаро ва муншиёну хушнависон ба сояи қадрдонии ў осуда буданд» (тазкираи «Яди байзо»- и Озоди Балгиромӣ, нақл аз мақолаи Абдуллоҷон Ғаффоров «Зебуннисо ва муаллифони «Девони Махфӣ», «СШ», 1966, №4, саҳ.136).
Нахустин чизи ҷолибе, ки дар шеъри ў ба назар мерасад, маъниву мантиқи устувор ва таносуби қавист. Ин ҳама суханҳои одӣ не, илмҳои комиле буданд, ки дар он замон таълим дода мешуданд ва огоҳӣ аз онҳову корбасташон дар шеър шартҳои аввалини шоирӣ ба ҳисоб мерафтанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё