Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Низом Қосим

Ҷойи таассуф аст, ки дигар маъхазҳои қадиму ҷадид аз доираи ин маълумоти маҳдуд берун нашудаанд.
Аз ҳамин се байт ҳам Исматиро чун як шоираи баландтабъ ва ҳунарманд метавон шинохт. Лутфу лоқайдии шоиронаи байти аввалро бибинеду равониву сароҳати ду сатри сониро. Вале зеботарини ин се намуна байти сеюм аст, ки воқеан дар байни алоқамандон шуҳрати сазовор дорад. Таносуби «по» ва «даст» дар таркибҳои «пошикаста» (зан) ва «даст додан» (имконпазирӣ) олист ва мазмуну лутфи шоиронаи байт на камтар аз он!

  1. Мутриба

Устод Айнӣ дар шоҳасари мазкураш бо истинод ба «Тазкираи оташкада»-и Ҳоҷӣ Лутфалибеки Озар замони зиндагии шоираро «асри шашуми ҳиҷрӣ» зикр намуда, овардааст, ки Мутриба «дар ҳарами Туғоншоҳ – ҳокими Кошғар буда, дар марсияи ў гуфта:

Дар мотамат, эй шоҳ, сияҳ шуд рўзам,
Бе рўйи ту дидагони худ бардўзам!
Теғи ту куҷост, эй дареғо, то ман
Хун рехтан аз дида ба ў омўзам!».

Зоҳиран чунин менамояд, ки шоира аз марги шоҳ дилхун аст, вале, бибинед, ки зимни баёни ин ҳол чи рамзиву шоирона шоҳи хунрез будани Туғоншоҳро зикр мекунад!
Тоҷӣ Усмон дар китоби мазкураш қайд кардааст, ки «дар тазкираҳо вайро зани хеле оқила ва донишманд мешуморанд… Хеле шеърҳо навиштааст… Аз он шеърҳо хеле ва хеле кам боқӣ мондаанд».
Ин ду пора аз он тазкираанд:

Он байтҳо, ки мушкро аз Чин ҳамебаранд,
Хушбў ғизолаҳо, ки саропо муаттаранд,

пешина
аз 323
навбатӣ