Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Меҳру сеҳри шеър

Ба май монад андар ақиқин қадаҳ,
Сиришке, ки дар лола маъво гирифт.
Сари наргиси тоза аз зарру сим
Нишони сари тоҷи Кисро гирифт.
Чу роҳиб шуд андар либоси кабуд,
Бунафша магар дини тарсо гирифт?

  1. Исматӣ

Устод Садриддин Айнӣ дар боби ин шоира овардааст, ки «Соҳиби «Оташкада» («Тазкираи оташкада», навиштаи Ҳоҷӣ Лутфалибеки Озар, чопи матбааи Фатҳулкарим, Лакҳнав, 1299) ва «Қомус-ул-аълом» духтари қозии Самарқанд буданашро қайд кардаанд. Аммо таърихи ҳаёташ маълум нашуд» («Намунаи адабиёти тоҷик», Маскав, Нашриёти марказии халқҳои Иттиҳоди Ҷамоҳири Шўравии Сусиёлистӣ, 1926, саҳ.184).
Ин байт низ аз ҳамон ҷост:

Магар расвои ишқ аз мардуми олам ғаме дорад,
Ки ошиқ гаштану расво шудан ҳам оламе дорад!

Муаллифи тазкираи «Бистусе адиба» (Сталинобод, 1957) Тоҷӣ Усмон, бе истинод ба маъхазе, давраи зиндагии Исматиро асри ХІ тахмин карда, менависад, ки «Вай яке аз занони фозила ва равшанфикр ва бо зарофати Самарқанд будааст». Мавсуф ду байти шоираро оварда, мутаассифона, боз ҳам сарчашмаашонро зикр накардааст:

То фикандаст маро бахти бад аз ёр ҷудо,
Ғам ҷудо мекушадам, чархи ситамгор ҷудо.

Ва:
Аз пошикастагон талаби Каъба мушкил аст,
Он Каъбае, ки даст диҳад, Каъбаи дил аст!

пешина
аз 323
навбатӣ