Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Низом Қосим

Намунаҳои шеъри Робиа

Фишонд аз савсану гул симу зар бод,
Зиҳӣ боде, ки раҳмат бод бар бод!
Бидод аз нақши Озар сад нишон об,
Намуд аз сеҳри Монӣ сад асар бод.
Мисоли чашми Одам шуд магар абр,
Далели лутфи Исо шуд магар бод,
Ки дур борид ҳар дам дар чаман абр,
Ки ҷон афзуд хуш-хуш дар шаҷар бод?..
Гули хушбўй, тарсам, оварад ранг
Аз ин ғаммози субҳи пардадар – бод.
Барои чашми ҳар ноаҳл, гўйӣ,
Арўси боғро шуд ҷилвагар бод.
Аҷаб, чун субҳ хуштар мебарад хоб,
Чаро афканд гулро дар саҳар бод?!


Ишқи ў боз андар-овардам ба банд,
Кўшиши бисёр н-омад судманд.
Тавсанӣ кардам, надонистам ҳаме,
К-аз кашидан сахттар гардад каманд!
Ишқ – дарёи каронанопадид,
Кай тавон кардан шино, эй ҳушманд!
Ошиқӣ хоҳӣ, ки то поён барӣ,
Бас бибояд сохт бо ҳар нописанд.
Зишт бояд диду ангорид хуб,
Заҳр бояд хўрду пиндорид қанд!


Зи бас гул, ки дар боғ маъво гирифт,
Чаман ранги Аржанги Моно гирифт.
Магар чашми Маҷнун ба абр-андар аст,
Ки гул ранги рухсори Лайло гирифт?

пешина
аз 323
навбатӣ