Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ошхонае, ки Фаришта шабро дар он ҷо саҳар кард, воқеан анбори бузургу тозаву мураттаб буд, ки анвои озуқа дошт. Маълум мешуд, ки кормандонаш қабл аз хоб онро ба истилоҳ “пок мелесанд” ва баъд мураххас мешаванд. Ин ҷо ҳам мисли меҳмонхонаи соҳиби сохтмон ним шарқиву ним замонавӣ буд, чароғ дошту яхчолҳои бузург ва лӯлаи обу гоз ва ҳамзамон дегдону танӯр ва мӯриву ҳезуму зуғол.
Деворҳои ошхонаро ҳамели занҷабил, райҳон, сиру пиёз ва рафҳои хурду бузурги пур аз чиниворӣ зеб медод. Гилеми сурх ва суфраи чӯбини як гӯшаи ошхона эҳтимол маконе буд, ки хизматгорҳои ин дарбор дар гирди ҳамин суфра ҷамъ мешавад ва субҳонаву шом мехуранд.
Фаришта дар интизори маъмури ин ошхона, ки духтараки чашмсиёҳ аз ӯ хола Наврӯз ном бурд, дар байни тануру дегдон, ҳамонҷойе, ки шаб хобида буд, рост меистод ва ҷуръати нишастан намекард. Хизматгорҳои ошхона як-як ҷамъ шуда, кунҷковона ба ӯ нигоҳ мекарданд ва баъд бо аҷала ба кор мечаспиданд. Яке аз пайи хамиру фатир шуд, яке гӯшт пора мекард, яке дар синӣ субҳона мечид. Гоҳ-гоҳ дуздида ба Фаришта нигоҳ мекарданд, вале касе аз ӯ чизе намепурсид. Фаришта ҳадс зад, ки дар ин ошхона ҳеҷ кас бидуни иҷозаи хола Наврӯз ҳарфи изофӣ намезанад ва бо нигаронӣ омадани ӯро интизор шуд.
Хола Наврӯзе, ки хизматгорҳоро ба истилоҳ чун най рост кардааст, билохира дар дами дар пайдо шуд. Омадани ӯро Фаришта аз ваҷоҳати хизматгорҳо фаҳмид, ки сарҳои худро хам карда, чолоктар ба кор часпиданд.
-Субҳонаи оғора зудтар омода кунен, ки дер шуд, бари наҳор обгӯшт, чапли кабобу биринҷ омода кунен, як каме ба мазраа, саисхона ва посбоно ҳам бубарен, - дастур дод хола ба хизматгорҳо. Бераҳму сахтгир ба назар мерасид, вонамуд мекард, ки Фариштаи қадбаландро намебинад. Ниҳоят амру фармонҳояшро анҷом доду ба Фаришта зул зад.

пешина
аз 473
навбатӣ