ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
-Ошхона беғазо намеша ин ҷову он ҷоро бубин, хиҷолат накаш, як чизе бихӯр.
Фаришта аз гуруснагӣ меларзид, наздик буд ғаш кунад.
Баробари аз дар берун шудани Шопур ба чаҳор тараф чашм дӯхт. Бӯи биринҷу заъфарон ӯро ба сари дегҳои калон овард, ки яке биринҷ ва дигаре кабоб дошт. Косаро пури ғизо карду қошуқи пурро ба даҳон бурд, дастонаш меларзиданд, косаро дар як они воҳид холӣ карду мехост як кафгир биринҷ бигирад. Аммо тарсид, ки мабодо соҳибхонаҳо ӯро барои ин худсарӣ муҷозот кунанд.
Дар гӯшаи наздик ба танӯр, ки ҳанӯз аз он гармӣ меомад, як дасташро болишт карду дар рӯи курпача дароз кашид, аз серии шикамаш буд ё аз хастагии роҳ, ки дарҳол хобаш бурд.
Чӣ аҷинахобе дид дар он ошхонаи гарм! Модараш ба хобаш омад, ки дар тан либоси кабӯд дошт ва гесувони дарозаш ба қадаш овезон, “падаратро гур кардем”- мегуфт.
Хоҳаронаш мӯю рӯй меканданд, вале кампири Сокина дар байни ҳавли остинҳои весеяшро бод медоду арғушт мерафт.
Дар байни ин рӯъёи аҷибу ғариб буд, ки садои зани ношиносе ба гӯшаш расид, ки ӯро “хонумҷон, хонумҷон” садо мекард.
Пардаи рӯъё оҳиста тунук шуду Фаришта болои сараш ду чашми чун ангишт сиёҳро, дид, ки аз аз паси анбӯҳи мижгонҳои дароз ба ӯ нигоҳ мекард. Духтараки лоғаре, ки сару сураташро чун арабҳои бодиянишин бо русарии сиёҳ танг баста буд, китфи Фариштаро танкон медод ва “буланд шу!” мегуфт.
-Хонумҷон, ту чаро иҷа хобидӣ, булан ша, амиёли хола Наврӯз бия ҷанҷол мекна, - Фаришта гунаҳкорона аз ҷой бархост, намедонист берун барояд ё то омадани “хола Наврӯз”, ки ин духтар бо тарс аз ӯ ёдовар шуд, дар ошхона бимонад.
Духтари чодарпӯш инро гуфту дигар ба Фаришта таваҷҷуҳ накард, аз кунҷи ошхона сатилеро бардошту ба ҳавлӣ давид ва баъди чанде хиш-хиши ҷорӯб кашиданаш баланд шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё