Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

-Шумо мусалмон нестед? Модару хоҳар надоред? Чаро ин бадахлоқиро нисбат ба ман раво мебинед? Ӯ аз тарсу шарму ғазаб меларзид. Мард чоқ бештар шавқманд.
-Буру Шопур, кайфи мара напарон, - гуфту надими шофбурутро, ки Фариштаро аз чанги ин мард пинҳон мекард, ба беруни дар тела дод.
-Бас аст дига, коре ба коруш надошта бош,- омирона дастур дод марди сафедпӯш, ки мӯйҳои сиёҳи фирфириаш дар рӯшноии қандили чилчароғ медурахшиданд. Оғое, ки Ғуломрасул барояш “бор” оварда буд, эҳтимол ҳамин мард буд.
-Бачаи коко, шавқи мара нагардон, валлоҳ ду баробари нархша пардохт мекунум! Марди пашмини бадбӯй паст намеомад.
-Шопур! - садо кард марди сафедпӯш, ки зоҳиран аз рафтори меҳмони бадахлоқ хушаш наомад.
-Бале сайиб, - марди шофбурӯт гӯё дар паси фолгӯш меистод, ки бо шунидани исми худ чун сарбоз сареъ ҳозир шуд.
-И хонума ба хола Наврӯз бсупор, бугӯ, барош ягон кор пайдо куна.
-Чашм сайиб.
Фаришта оҳи сабук кашиду ба думболи Шопур аз ҳуҷра берун шуд. Шопур ӯро ба хонае бурд, ки дар оғози бино ҷой дошт ва дар назари аввал анборро ба хотир меовард, вале аз рӯи асбобу анҷомаш зоҳиран ошхонаи тозаву мураттаб буд, ки бӯи биринҷу заъфарон мекард. Шиками Фаришта дубора гарм шуд ва даҳонаш об кушод.
-Хонумо ҳама хобан, имшаб ин ҷа бош, то бинем фардо Худо чӣ мета.
Шопур азми рафтан кард, аммо чизе ба зеҳнаш расид, ки рӯ ба Фаришта овард.
-Гуруснаӣ?
Фаришта хомӯшона ба кафшҳои лоёлӯдаш чашм дӯхт.

пешина
аз 473
навбатӣ