ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Фаришта як қадам пеш гузошту манъ шуд. Марди сафедпӯш аз сар то пойи ӯро меомӯхт, вале исрор накард, ки боз ҳам наздиктар биёяд. Мардҳои дигар нигоҳи чашмони хумори худро аз синаҳои Фаришта, ки панҷобии танг онҳоро бузургтар нишон медод, намеканданд.
-Гуфтӣ ин хонум аз Шӯравӣ аст? Чӣ рақам иҷа омада? - пурсид яке аз нишастаҳо.
-Бале, оғо, и хонум ай шӯрависта, Ма ира гаравгон гирифтум, ки биродарма ай маҳбаси Тоҷикистон халос кунум, корум барор накад. Дига иҷа мондагор шуд.
-Чиро ӯро барнамегардонӣ, гуноҳ дора.
-У падарсаго пайсаҳои мана гирифтану биродарма панҷ сол зиндонӣ кардан, чиро ма ира раҳо кунум, хисоротма кӣ ҷуброн мекуна?
-Эй падарсаги маккор, - шӯхӣ кард ҳамон мард ва Ғуломрасул бо завқ хандид.
-Ага оғо сайиб и хонума хуш надошта боша, ма худум мехарумуш,- гуфт як марди чоқ, ки дам ба дам хиштаки эзорашро ламс мекард. Ҳалқаи сиёҳи атрофи чашмони бузургаш чеҳраи ӯро тиратар ва сафедии чашмонашро рӯшантар мекард. Ӯ калавида аз ҷой бархосту ба Фаришта наздик шуд. Шиками дамидааш аз зери пероҳани домандор ӯро ба занҳои ҳомила монанд мекард ва қомати начандон баландашро кӯтоҳтар нишон медод. Ӯ бо нӯги ангушти шабеҳи ҳасиб сару бараш баробар чонаи Фариштаро боло бардошту гӯё, дар бозори бардафурӯшӣ каниз мехарида бошад, сар то пойи ӯро аз назар гузаронд. Аз даҳонаш бӯи шароб меомад. Бешармона даст ба пеши бари Фаришта зад ва синаашро мисли андор дар кафаш фишурд. Фаришта “вой” гуфт худро ақиб кашид. Рамидани Фаришта ангезаи ӯро бештар кард, ки дубора ба ӯ наздик шуд ва хост доманашро боло кунад.
Фаришта дасти ӯро тела доду дар паси надими шофбурӯт пинҳон шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё