Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Бо Рӯгул тоза унс мегирифтам, ки маро ба хонаи ин бойбобо оварданд. Чӣ ранҷҳои дигарро бояд бикашам ва чӣ талхиҳоеро таҷруба кунам? Ин сарнавишти бадтар аз номодарӣ маро ба куҷо мебарад?
Дар ин фикру хаёл буд, ки дар боз шуд ва Ғуломрасул бо даҳони пур аз ханда берун омад, чашмонаш аз шодӣ медурахшиданд. Аз остини Фаришта кашиду ӯро ба дохили ҳуҷра тела дод.
-Явош беадаб! - чашмони нигаҳбони шофбурут аз ғазаб танг шуданд, - мисли бачаи одам рафтор кун!
Фаришта аз забони Рӯгул дар бораи мунҳарифии пулмастҳои ин сарзамин қиссаҳои ваҳшатнок мешунид.
Мегуфт, ки инсоф надоранд, барои қонеъ кардани шаҳвати худ на ба писаракҳо раҳм мекунанд на ба духтарбачаҳо, чашмашон серӣ надорад.
Дар ин ҳуҷраи бузург, ки бахше аз он бо сабки урупоӣ ва бахши дигар бо сабки шарқӣ муҷаҳҳаз буд, панҷ-шаш марди миёнсол, ки дар бар пероҳанҳои домандор ва дар сар саллаҳои шатранҷӣ доштанд, ба болиштҳои мулоими зарҳалӣ такя зада, қалён мекашиданд ва абрҳои дуд аз димоғу даҳонашон фаввора мезад. Ҳар бор аз лӯла қуллоб мекашиданд, сиёҳии чамонашон дар зери пилкҳои варамида нопадид мешуд ва чеҳраҳои равғанини онҳо дар рӯшноии қандили бузург барқ мезад. Пардаи ғафси дуд, ки дар зери сақф овезон буд, бо кушода ва пӯшида шудани дар алвонҷ мехӯрду доманаш медарид, аммо боз баҳам меомад ва бо дуде, ки он мардҳо аз даҳону димоғ сар медоданд, ғафстар мешуд.
-Хонуме, ки гуфтӣ ҳамин аст? - ниҳоят пурсид, марде, ки аз ҳама боло менишаст ва бо пероҳани сафеду риши кӯтоҳ ва мӯйҳои то китф овезон кадом ҳунарманди филми ҳиндиро ба ёд меовард. Ӯ даст рӯи зону якпаҳлу менишаст ва ҳалқаи ангушти ишоратиашро бо нарангушт чапу рост тоб медод.
-Наздиктар биё хонум, исмат чийе?

пешина
аз 473
навбатӣ