Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

-Азизам, кафшҳои ман касифанд, дуртар бирав, боз дар балои соҳибат намонам, -гуфт Фаришта зери лаб ва ӯро бо эҳтиёт аз кафшҳояш дур кард. Аммо гурбаи хира, ки шояд ба хору мол одат кардааст, гардан надод, Фаришта хам шуду пашми махмалини ӯро навозиш кард, аммо фикраш ҷойи дигар буд.
Аз ҳарфҳои Ғуломрасул бо он ришакиҳои мусаллаҳ ҳаминро дарёфт, ки онҳо мехоҳанд ӯро ба ин оғои сарватманд бифурӯшанд.
“Охир ин одамонро бо ман чӣ кор? Ман парии афсонавӣ набошам, ки оғо барои ман пулу пайса харҷ кунад, духтари одами сарватманд набошам, ки ба ивази озодиам аз падарам боҷ бистонад, ҳунарманд набошам, ки барояш тарона бихонам, духтур набошам, ки ҳар саҳар заррабони қалбашро бисанҷам, охир ман ба чӣ дардӣ инҳо мехурам!?” Гурба хуморашро шикасту ба сандалии роҳат баргашт.
Фаришта ду бари доманашро ба ҳам молиду лойи хушкидаро орд кард ва ба гӯшаи долон, ки аз тозагӣ медурахшид, афшонд. “Бечора Рӯгул, пероҳани беҳтаринашро ба ман пӯшонд ва орзу дошт чодари зарҳалиашро ба сар кунаму маро ба тамошои бозор бубарад. Ёдат ба хайр, зани биҳиштӣ, ки аз мани ғариб муроқибат кардӣ ва барои халосии ман бо Ғуломрасули хунхор даст ба гиребон шудӣ”.
Фаришта дар пушти дари ҳуҷрае, ки дар он шояд фурӯшандаву харидор нархи ӯро пасту баланд мекарданд, бо сари хам менишаст.
“Аҷаб сарнавиште насибам шуд. Охир ман куҷову ин ҷо куҷо!? Мисли хобу хаёл аст, ба Худо! Ангор, ман филм мебинам, филме, ки худам қаҳрамони аслиаш шудаам. Ҳар рӯз як моҷарои ҷадид. Агар падарам маро таҳаммул мекард, ҳоло дар гирди гову молам палмосида мегаштам. Бо Рашид забон ёфтаму бо ҳам нақшаи озодиро кашидем, ки гаравгон шудам. Зарминаро розӣ кардам, ки номаамро ба сафорат бубарад, идораи ӯро тарконданду номаи ман норасида монд.

пешина
аз 473
навбатӣ