ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
-Борон буд дига...
-Ту буру дохил, и хонум иҷа мебоша, то оқо сайиб амр куна. Аз дохил садои мусиқӣ ва суҳбати мардҳо ба гӯш мерасид. Ғуломрасул шонаи хурдеро аз ҷайбаш берун оварду хост риши чун дастаи ҷорӯб паҳну парешонро дар оинаи долон ба тартиб биёрад. Аммо шояд сару рӯяшро дергоҳ нашуста буд, ки дандонҳои шона дар риши часпакаш дармемонд. Асабонӣ шуду шонаро дубора ба ҷайб зад, ришашро бо панҷааш хилол карду аз паси нигаҳбон ба меҳмонхона даромад.
Фаришта рӯи сандалие нишаст, ки нигаҳбон бо ишораи ангушт нишон дод. Хун ба пойҳои карахташ сарозер мешуд ва чун сӯзан ба мушакҳояш фурӯ мерафт. Пойҳои хоббурдаашро молиш доду пеш ёзонд, то кардахтиаш рафъ шавад. Ӯ бо кафшҳои кӯҳна, домони пур аз лой ва сару рӯи ношуста дар манзараи ин долони зарҳалӣ намеғунҷид.
Долон бо фарши чун шоҳӣ нарм, дару девори гаҷандуд, қобҳои бузурги акси мардон ва занони хушлибос ва гулдонҳои зарҳалӣ, шабеҳи осорхона буд. Аз аксҳои бузурги рӯи девор чеҳраҳои гирифтаи ба ҳам монанд бо чашмони сарди пур аз ғурур ба Фаришта нигоҳ мекарданд. Аз қобҳои дигар ҳунармандони синамои Ҳинд лабханд мезаданд. Ранги дару тиреза ва фаршу девор бо якдигар ҳамоҳанг ва нарму оромибахш буд. Сандалиҳои баланд ва мизи начандон бузург, ки якчанд маҷаллаи ранга дошт, аз ин гувоҳӣ медод, ки меҳмонҳо қабл аз даромадан ба ҳузури соҳибхона ин ҷо интизорӣ мекашанд ва маҷалла варақ мезананд. Фаришта эҳсос кард, ки ӯ дар ин долон танҳо нест. Гурбаи соҳибҳона, ки дар яке аз сандалиҳои роҳат бо ноз мехобид, меҳмонро диду ба замин лағжид ва бо қадамҳои барозанда ба самти ӯ ҳаракат кард. Аввал бо чашмони обияш ба чеҳраи Фаришта хира шуд, баъд ғел заду сарашро ба кафшҳои лойолӯди ӯ молид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё