Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

-И оғо ба мо як пиёла чоям намета? Мусулмонӣ куҷо шуда!- фарёд зад ҳамоне, ки дар мошин паҳлӯи Ғуломрасул менишаст.
-Шумову мусалмонӣ!? Бубин, кӣ даъвои мусалмонӣ мекунад! - бо тамасхур аз дил гузаронд Фаришта.
Садои куланги силоҳҳо ва чашмони хунгирифтаи ришакиҳои мусаллаҳ, ки агар онҳоро битарошанд аз пашму пучоқашон даҳ гилем мешуд бофт, пинаки нигаҳбонро вайрон накард.
-Пушти дар як артиш сарбоз дорем, як шиллик бикунӣ, хоктона мебеза! Ҳамутуре, ки оғо гуфт, танҳо як нафар биёяя.
Ғуломрасул бо узру маъзур ҳамсафарҳояшро базур ором кард, ки ӯро дар беруни ҳавлӣ интизор шаванд ва аз остини Фаришта кашид, ки мошин фарояд.
Марди шофбурӯт ба Фаришта як нигоҳи кӯтоҳ афканд, аммо аз ин ки қочоқбарон ӯро бо худ ба ин диж оварданд, ҳайрон нашуд. Ӯ ба ҳамроҳаш амр дод, ки аз назди дарвоза дур нашавад.
-Харияти и қочоқбарора ма хуб медонум, ҳушор бошен.
Ғуломрасул гапи нигаҳбонро ношунида гирифт ва ӯ пешпешу Фаришта аз пушт дар паси деворҳои баланд нопадид шуданд.
Ҳавлии бузург се сохтмони алоҳида дошт, ки на танҳо мошини Шомаҳмад, балки чандин чунин мошини бузургро меғунҷонд. Биноҳо дар торикии шаб ва рӯшноии чароғҳо аз андозаи худ бузургтар ба назар мерасиданд.
Нигаҳбон онҳоро ба охирин сохтмони ин ҳавлии бузург бурд, ки даҳҳо чароғи фурӯзон дошт ва шуои нарми чароғҳо мисли ҳаври шири навдӯшида ҳавлиро пур мекард. Дар долони муҷаллали бино, ки шояд макони истироҳати соҳиби хона буд, нигаҳбон ба лойҳои хушкидаи домони Фаришта нигоҳ кард.
-Ира бо и пироҳани чатал пеши оғо мебарӣ? - гуфт ӯ норозиёна.

пешина
аз 473
навбатӣ