Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ғуломрасул аз мошин берун ҷаҳиду ба назди дарвозаи дутабақа рафт ва акнун мехост дар бизанад, ки “кист он ҷо” пурсид касе аз дохил.
-Ғуломрасул астум, ба Гулоғо сайиб кор дорум.
-Оғо сайб масруф аст, буру фардо биё.
-Ба оғо бугу Ғуломрасул омада, худуш мефома, - исрор варзид ӯ.
Баъди каме таваққуф шарфаи по аз назди дар дур шуду Ғуломрасул ба мошин баргашт.
-Чӣ мега? - пурсид марди мусаллаҳе, ки дар сандалии паҳлуи ронанда менишаст.
-Пеши Гулоғо рафт, бош бинем, чӣ мега.
-Гуфтӣ, ки чиро омадем?
-Гуфтам, иқа суол наку дига! - Ғуломрасул асабонӣ буд.
Фаришта аз панҷараи мошин ба ин сохтмони баланд, ки сояааш атрофро пахш мекард, чашм дӯхт. “Инҷо куҷо бошад? Лонаи таҷаммӯи қочоқбарон ё мақари гурӯҳи шибҳанизомӣ? Магар ғайри ин аст? Ин малъун танҳо бо олами ҷиноӣ сару кор дорад.” Шиками Фаришта аз гуруснагӣ доғ мешуд ва танаш аз сардӣ меларзид. Ӯ хомӯшона ба садои шиками холиаш гӯш медоду даҳҳо фарзияи ба ин ҷо оварданашро ҳадс мезад.
Нигаҳбон одамони дохили мошинро хеле маътал кард.
Ришакиҳои мусаллаҳ бетоқатона зери лаб кадом оғоеро дашном медоданд.
Ниҳоят нигаҳбони мусаллаҳ, марди шофбурути чоқ, ки шиками бузургаш аз рӯи камарбани низомияш хамида буд, бо як сарбоз баргашт, аммо дари бузурги мошингузарро, боз накард.
-Оғо гуфт танҳо Ғуломрасул дохил шава. Ришакиҳои мусаллаҳ бо ғазаб аз мошин берун ҷаҳида ба сари нигаҳбон тохтанд.

пешина
аз 473
навбатӣ