ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
-Боз кун, дасту пойи маро, агар гурехтанӣ будам, то ҳол даҳ бор мегурехтам. Садои Фаришта басахтӣ аз гулӯяш мебаромад.
Ғуломрасул нобоварона ба ӯ нигоҳ кард, аммо бандро кушоду шишаи обро дар бағалаш гузошт.
-Чуп, садо наброр, ага дар берун одама дидӣ, сари худа хам ку.
Фаришта дасту пойи аз беҳаракатӣ шахшудаашро молиш доду сар ба рӯи зонувонаш гузошт, мошин бо суръат аз даштҳои чун кафи даст ҳамвор ва деҳкадаҳои камодами бе долу дахт убур мекард. Хонаҳои гилини пастак, ки на манзили зист, балки макони ковишҳои осори таърихиро ба ёд меовард, аз ҷафсӣ гӯё дар бағали якдигар хуфта буданд ва борони сел бомҳои ҳамворро дубора андова мекарду лоёбаи як хонаро ба хонаи дигар мерехт. Ҳама ҷо ранги хокистарӣ дошт ва бӯи фақрро ба машом мерасонд.
Аз панҷароҳои муримонанд баъзан нури хираи пилтачароғҳо чун ситораи дур чашмак мезад, вале рӯшноие надошт. Аз симчӯбу барқ хабаре набуд, роҳро танҳо чароғи мошинҳо рӯшан мекард. Он қадар роҳ рафт мошин, ки Фаришта хаёл кард ӯро ба кадом мамлакати дигар буданд. Аз фишору хастагӣ хобаш бурд.
Ниҳоят мошин суръатро суст карду ба самти чап, ба сӯи як шаҳри нисбатан чароғон тоб хӯрд. Дохили мошин аз нури чароғҳои ҷода равшан шуд ва Фаришта сар бардошту аз панҷара ба берун нигоҳ кард. Забони аломатҳои роҳ форсӣ буд ва Фаришта намедонист ин кадом минтақа аст. Ду тарафи ҷода хонаҳои чароғон дошт, баъзе сохтмонҳо ободу баланду барҳаво, вале баъзеи дигар мисли харобазор вайрону валангор буданд. Моҳвораҳои хурду бузург чун чағораҳои баҳорӣ дар бомҳои пасту баланд шукуфта, аз панҷараи баъзе хонаҳо экрани телевизион чашмак мезад. Ба назар ҷойи ободе буд.
Мошин чандин ҷодаро убур кард ва ниҳоят дар як мавзеи рустомонанд, дар назди бинои бузурге манъ шуд, ки дижро мемонд ва деворҳои баланд дошт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё