Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Мардони мусаллаҳ бо силоҳҳои омодаи шиллик қисме пушт ба роҳ ва дигарон рӯ ба роҳ нишастанд ва мошин башиддат ҳаракат кард. Рӯгули ба ашку обу лой олӯда, бо кулбаи гилин вале қалби чун дарё бузургаш пушти сар монд.
Фаришта аз ҷой намеҷумбид, ҳатто талош намекард, ки худро аз банд раҳо кунад, магар метавонист аз чанголи ин хунхорҳо фирор кунад? Дигар умеди раҳоӣ надошт, умеди бозгашт ба ватан низ чун афсонаи духтари подшоҳ, ки мӯйсафеди бедандонро мебӯсад ва ӯ табдил ба як шоҳзодаи зебо мешавад, дурӯғ баромад. Акнун сарнавишташ дар дасти ин ришакиҳои мусаллаҳ аст, ки шояд ҷойи хилвате меёбанду ӯро бонавбат таҷовуз мекунанд ва баъд тире ба пешонияш мезананд ва дар кавири тафсон мепартоянд, то хӯроки зоғу заған шавад.
Тасвири ин саҳнаҳои ваҳшатнок буд ё ва нарасидани ҳаво, ки Фаришта аз ҳуш рафт ва ба ҳамон ғори торик, ки аввал дошту анҷом не, ҷар шуд. Меғелиду дилаш ҳаво мегирифт, аз ҳавли ҷон ханҷон ба девори ғор мезад, аммо деворе набуд, ханҷорҳояш дар фазои холӣ мушт мешуд ва нохунҳояш дар гӯшти нарми дастонаш фурӯ мерафтанд, дилаш ҳаво мегирифту беҳузур мешуд. Ногоҳ аз куҷое борон омад ва сару рӯи ӯро хис кард.
-Даҳонша чиро бастӣ? Молум аст, чӣ мекунӣ? Гулоғо бари ҷасад хо муомила намекуна! Шаш соат роҳи дига да пеш аст! Касе ин ҳарфҳоро мегуфту ба рӯяш об мепошид.
-Ҳичиш нашуда, и аз тарс ғаш када. Садои аввал ношнос буд, кадоме аз ришакиҳои мусаллаҳ даъво мекард, аммо садои дуюмро шинохт, ин овози хиррии Ғуломрасул буд.
Фаришта ин садоро, ки тамоми зиндагиашро ба бод додааст, ҳеҷ гоҳ аз ёд намебарад.
Вақте халтаро аз сараш ва искочро аз лабонаш дур карданд дар болои сараш Ғуломрасулро дид, пеш аз он ки ӯро бубинад, ҳамон нафаси бадбӯяшро шамид, ки бӯи пиёзи гандида медод.

пешина
аз 473
навбатӣ