ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Рӯгул ҳам фаҳмид, ки илтиҷо ба ин марди хунхор беҳуда аст, ӯ Фариштаро аз замин бардошт.
-Мара бубахш Фариштаҷон, ага медонистум, ки и ҷурӣ меша, худум фирорит медодум. Фаришта ҳам гардани Рӯгулро гирифту гиря кард.
-Рӯгул, медонам, ки рӯзе ба суроғам меоянд, агар аз ту пурсанд, хоҳиш мекунам натарс, роҳбаладӣ кун, кумак кун, ман ба ватанам баргардам, - гуфт ӯ дар гӯши Рӯгул.
Ғуломрасул Рӯгулро ба кунҷе тела доду Фариштаро ба замин хобонда дасту пояшро бо ресмон баст ва ду марди дигар ӯро мисли гӯсфанди қурбонӣ ба пушти мошине, ки пур аз ришакиҳои мусаллаҳ буд, партофтанд. Онҳо як-як хам шуда ба духтар нигоҳ мекарданд, чашмони хашмгину хунгирифтае доштанд, дандонҳои баъзеяшон аз шавқ ба ҳам бархӯрда садо мебаровард ва бӯи даҳони ношустаашон мошинро пур мекард.
-Биё як синаша биҷафум, кам намеша хо!- гуфт як ришакии бадбӯй ва даст ба зери домани Фаришта дароварду синаҳои ӯро дар муштҳои сангинаш фишор дод, гӯё девона шуд, ки худро аз сандалии ақиб ба ба болои Фаришта партофт. Марди дуюм ӯро як тараф партофту бо ду даст думбаи Фариштаро молиш дод.
Агар Ғуломрасул намерасид, мардҳо Фариштаро дар дохили мошин таҷовуз мекарданд.
-Явош, ваҳшиҳо и чӣ рақам кор буд? Мага нагуфтум, ки и хонума бари Гул-оғо мебарем?
-Гулоғо аз куҷо мефома, бо и зан хав кадем, як бор, ки ишкол надора!
-Намеша, буру пойин!
Ғуломрасул он ду ғӯлбангро, ки дастҳояшон акнун дар дохили шалворашон буд, басахтӣ ба сандалии пуштӣ шинонд.
Ӯ халтаеро ба сари Фаришта кашиду даҳонашро бо искоч баст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё