ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Ғуломрасул се моҳ баъд, замоне пайдо шуд, ки борони сел меборид ва садои ваҳшатноки тундар замину замонро мезарзонд. Ӯ ногаҳон омад, мисли паланг аз сари девор ба ҳавлӣ парид. Фаришта омадани Ғуломрасулро бо пусту устухонаш эҳсос кард.
-Рӯгул, буланд шав Ғуломрасул омад! - гуфту ба кунҷи хонаи ниматорик хазид.
Рӯгул ин дафъа ӯро ором накард, ӯ сояи пакули Ғуломрасулро аз панҷара дид. “Ло ҳавла ва ло қуввата иллоҳ биллоҳ”- гуфту аз ҷой бархост.
-И чӣ рақам омадан буд, мисли дузд аз сари девор мепарӣ? - бо қаҳр гуфт ӯ.
-Буру гумша, аҷуза, куҷост, у занака, бгӯ берун буроя!
Ғуломрасул дарро бо лагад зад. Гулӯи Фаришта аз тарс хушк шуд, нафасаш поён намерафт, хаёл кард, ки ҷон аз баданаш берун меравад.
Ғуломрасул мисли девонаҳо буд, кафк аз даҳон мепарронд ва додгоҳи Тоҷикистонро ҳақорат мекард, мегуфт:
- Падарсагҳо пайсара гирифтану биродарма ба панҷ сол зиндонӣ кадан.
Интизор нашуд, ки Фаришта аз хона берун шавад, дарро боз карду аз аз гесувонаш гирифту ӯро ба рӯи ҳавлӣ баровад.
Фаришта дар рӯшноии радду барқ чеҳраи чун девонаҳо каҷу килебшудаи Ғуломрасулро диду фаҳмид, ки кораш тамом аст.
Рӯгул ба пояи додаршӯяш афтоду ба зорӣ даромад.
-Ба рӯҳи бародарат қасам, Ғуломрасул, и духтара бимон беста, ма танҳоюм, дасёрум меша, марги шуҳару писарма мебахшум, тура ба Худо, раҳм кун, гуноҳ надора и духта.
Борон аз сару рӯяш мерехт ва зулфони сиёҳу сафеди тобдорашро ҳамвор мекард, уқдаи бедандонӣ аз ёдаш рафта буд ва беист ҳарф мезаду зорӣ мекард.
-Буру гумша, дар ами сари қаҳрум пеши ма пайдо наша, бо як тир дар пешонит файр накунум!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё