Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Хабари зинда будани Зармина додараки ӯ Довудро ба ҳадде шод кард, ки наметавонист сели ашкҳояшро фурӯ нишонад. Дар паси модараш пинҳон буду оби чашмашро бо лаби чодари ӯ пок мекард, бо даст даҳонашро мепӯшид, аммо ҳиқ-ҳиқи гиряаш аз кадом сӯрохи дигар берун меомад.

-Омадум, ки Довуда бо худ ба Кобул бубарум, мехом наздики духтарум бошум, - гуфт модари Зармина, ки дар ин як ҳафта чашмонаш аз ғусса фурӯ рафта, сараш сафед шуда буд.
-Дар Кобул дар куҷо истод мешӣ, ҷо дорӣ? - пурсид Рӯгул, ки мехост Довуду модараш дар хонаи духтари ӯ меҳмон шаванд.
-Бародаршуҳарам дар саракои Кобул зиндагӣ мекуна, гуфт ҳиҷо нара, рост хонаи худум биё.
Рӯгул дар як бухча нону талқон овард, то сафаракиҳо дар роҳ гушна намонанд. Худоҳофизиашон тӯл кашид ва ниҳоят Довуд пеш-пеш ва модараш аз думболи ӯ ба сӯи роҳи калон раҳсипор шуданд.
-Худо кунад, ки ягон ронандаи савобҷӯ инора то Кобул брасона, - гуфт Рӯгул ва рӯ ба осмон овард, ки абрҳои сиёҳаш ваъдаи борон доштанд.
Соатҳо рӯз шуданд, рӯзҳо ҳафта ва ҳафтаҳо моҳ. Умеди Фаришта барои бозгашт ба ватан ба ноумеди табдил мешуд ва дилбардориҳои Рӯгул ҳам дигар ӯро рӯҳбаланд намекард.
Дилаш сиёҳ буду ҳар шаб кобус медид, кобусҳояш пур аз мардҳои ришакии мусаллаҳ ва садои гиряи кӯдаки ширхор буд. Ӯ кӯдакро дар сина пахш мекарду афтону хезон мегурехт, аммо ҳар бор худро дар ҳамон макони аввала медид. Бо ҳарос бедор мешуду таъбири хобашро меҷуст.
Рӯгул он хобҳои ваҳшатнокро ба таври худ таъбир мекард ва мегуфт, ки хонааш дар гузаргоҳи лашкари деву парӣ аст ва сояи он лашкар ба рӯи касе афтад кобус мебинад.

пешина
аз 473
навбатӣ