ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хонданТакя ба девор заду ангуштҳои аз ҳаяҷон сардшудаашро зери бағал гузошт. Аз тарс мезакаш гирифт, аммо ҷуръат надошт берун барояд, ҷонаш дар азоб буд. Ниҳоят Рӯгул баргашт, Довуд ҳамроҳаш буд. Гуфт, ки дафтари созмони хориҷиро дар Кобул “терур” каданд, ними коргарҳо мурданд, ниме захмиву ниме гумном.
Мурдаву зинда будани Зармина маълум нест, модараш гирёну бирён ба Кобул рафт.
- Номаи маро ба сафорат расонда бошад? - аз дил гузаронд Фаришта, ки зеҳнаш ин лаҳза ба ҷуз андешаи раҳоӣ ва бозгашт ба ватан дигар чизи дигароеро қабул намекард. - Эй Худо, ин духтар охирин умеди ман буд!
-Довуда овардам, тифлак танҳо дар у хона диқ мекуна, биё бачем, дар бари ма бихоб. Рӯгул барои Довуд дар паҳлуи худ ҷогаҳ андохт. Писарак дар назди бухорӣ чорозону зада, бо сари хам менишаст, гӯё бори ғами дунё дар дӯшаш буд, ки шонаҳояш монанди шонаҳои пирамардҳо хамида, ашкҳояш дар рӯшноии чароғи пилтагӣ медурахшиданд.
Фаришта ҳолати ғамангези писарро дид ва аз худхоҳии худ хиҷолат кашид. Ба Довуд наздик шуду ӯро бағал кард.
Навозиши ин зани бегона хории писаракро овард ва ӯ домани гиряро сар дод. Фаришта ҳам мӯя кашид, хонаи Рӯгул ғамхона шуд, яке аз ғами бесоҳибиву бечорагӣ менолид, дигаре барои марги азизе..
-Диқ наку бачем, инҳшоаллоҳ, бахайр аст, бигӣ, я каме бихоб, саҳар дидӣ, ки хабари хуш мераса. Бихоб, оли бомдод нашуда.
“Номаи маро ба сафорат расонда бошад?” Фикри нома аз зеҳни фаришта дур намешуд. “Агар фурсат наёфта бошад, вой бар ҳолам! Худо кунад, ки Зармина зинда бошад.” Модари Зармина баъди як ҳафта баргашт.
-Худоро шукр, Зарминаҷонум зинда монда, тано захмӣ шуда, доктар гуфта, ки табобатуш тӯл мекаша, ма гуфтум, ами ки духтарум зинда монд, бари ма давлати бузург аст, дига муҳим неста, ки табобатуш чиқа тӯл мекаша.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё