ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хондан- Нигарон набош, гурбаи бесоҳиб бари худ ғизо мекофт.
Фаришта аз замони ба Кобул баргаштани Зармина рӯз мешумурд, чанд дафъа аз Довуд пурсид, ки хоҳараш кай меояд, писарак ҳар бор китф дар ҳам мекашид. Рӯгул, сайъ мекард Фариштаро машғули коре кунад, то андешаҳои бад аз зеҳнаш дур шаванд.
-Фариштаҷон, ай аму ғизоҳои хушмаззаи тоҷикӣ баром бипаз, маза кунем, чӣ гуфтӣ бачем?- мегуфту худаш қатори ӯ ҷумбуҷул мекард.
Фаришта иштиҳо надошт, Рӯгул медид, ки ин зани ғариб рӯз то рӯз дар пеши чашмаш об мешавад. Бо ҳар баҳона мехост дили ӯро шод кунад, чодари гулдӯзиро, ки шабҳо дар рӯшноии пилтачароғ медӯхт, ба Фаришта тақдим кард, аз бозор барояш ҷӯробу як кафши арзонак харид.
Меҳрубониҳои ин зани бегона алами Фариштаро тоза мекард, хориаш меомад: - Куҷоянд падару модари ман то духтари хору зори худро бубинанд, бубинанд, ки ба чӣ рӯз афтодааст, - мегуфту сар зери кӯрпа мекард ва бесадо мегирист.
Гӯш ба овоз буд, ки аз хонаи Зармина садои ханда ва “хуш омадӣ бачем” -ро бишнавад. Аммо аз Зармина ҳамоно хабар набуд.
Шабе аз садои дар бедор шуд, дилаш аз ҳарос ба ларза даромад.
-Ғуломрасул омад!- гуфту аз тарс домани Рӯгулро гирифт.
-Натарс, модар, ма ов бухӯ, ӯ худозада, ҳиҷ вақт дар намезана, мисли шағол ай сари девор мепара. Рӯгул чароғро гирифту берун баромад. Фаришта дар хонаи торик танҳо монд. Ин зани меҳрубон ҳоло дар тамоми дунё ягона такягоҳаш буд. Лаҳзае Рӯгулро набинад, мисли кӯдаке, ки аз гум кардани модараш метарсад, ба талвоса меафтад. Рӯгул дер кард, Фаришта дар хомӯшии шаб ба садоҳои кӯча гӯш медод, аммо овозеро нашунид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё