ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Зармина рақми телефонро ёддошт кард.
-Шуҳарут чӣ ном дора?
-Рашид..
-Агар гӯшира бардора чӣ бигам? Ҷойи будубошата бигам ва бигам, ки худа зудтар бирасона?
-Оре, ҳаминро бигӯ.
Зармина баъди ним соат баргашт, гуфт, ки зангҳо мегузаранд, аммо касе гӯширо намебардорад.
-Пас ӯ зинда нест, агар зинда мебуд гӯширо мебардошт, ман ӯро медонам,- Фаришта беҳолона ба девор такя кард ва чеҳрашро бо дастонаш пӯшонд.
-Фикрои бад наку, духтар, мумкин телефон дар мутараш бошад, ё шояд дар мут бошад, яъне садоша махсус паст карда. Дига рақам надорӣ?
-Чизе ба ёдам намеояд.
-Ишкол надора, ма ягон нумри телефона ёд надурум, ту хо ай ма беҳтар будаӣ, ки нумри телефони худа медонӣ. Ту хуб фикр кун, шод чизе пайдо кунӣ. Ина, қаламу коғаза бигӣ ва зуд номата бнавис, ки хола Рӯгул амиоли пайдо меша.
Фаришта ҳодисаро дар се ҷумла навишт, нишонии маконро Зармина дикта кард. Ӯ намояндагони сафорат хоҳиш кард, ҳар чӣ зудтар ба додаш бирасанд.
Зармина номаро дар дохили синабандаш гузошт.
-Баъзан дар роҳ мусаллаҳон кифу борхалтаҳоро тафтиш мекунан, ин ҷо амнтар аст,- гуфт ӯ ва тарафи Фаришта чашмак зад. Ӯ номаро бурду гӯё санги вазнинеро аз синаи Фаришта бардошт, ӯ бори аввал ба наҷоти худ аз ин варта умедвор шуд.
Рӯзҳояш дар хонаи Рӯгул ба оҳистагӣ тир мешуданд.
Рӯзҳоро ба сахтӣ ба то шаб мерасонд, аммо вой аз шабҳои ваҳмангезу тӯлонӣ! Баъзан то саҳар хобаш намебурд, гурги танҳоӣ дар синааш уллос мекашид, аз ҳар садо ба ваҳшат меомад ва бо ҳарос китфи Рӯгулро такон медод.
- Бихез, дар берун касе ҳаст. Зани бечора ҳар бор барои оромиши хотири Фаришта ҳавлиро давр мезад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё