ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Чанде боз фикри дигаре зеҳнашро машғул кардааст, ки шояд ба воситаи Зармина, хоҳари бузурги Довуд ба сафорати Тоҷикистон нома бифристад ва аз онҳо кӯмак бихоҳад. “Рӯгул гуфт, ки Зармина охири ҳафта мееояд, эй кош “не” нагӯяд!” Зармина ҳамон тавр, ки Рӯгул мегуфт охири ҳафта омад.
Духтараки чоқи хандонрӯе будаст. Ду чуқураки бари рӯяш ба ӯ ҳусни барзиёдӣ медод. Фаришта дар набудани Рӯгул бо Зармина дидор кард. Ба Рӯгул эътимод дошт, аммо метарсид, ки мабодо ба фишори додаршӯяш тоб наорад.
Зармина достони Фариштаро шуниду андӯҳгин шуд.
-Хуб кадӣ, ки дар набудани хола Рӯгул пешам омадӣ, зани хуб аст, аммо аз додаршӯяш ҳарос дора. Агар қочоқбаро фоман, ки ма номаи тур ба мақомот бурдам, сар ай танум ҷудо мекунан.
Фаришта дудила шуд.
-Агар ин кори хатарнок бошад, пас аз баҳраш мегузарем,
- гуфт ӯ бо садои гирифта ва аз ин ки охирин умедаш барбод меравад, ба гирдоби ғам фурӯ рафт.
Чеҳраи ғамзадаи Фаришта дили Зарминаро реш кард ва ӯ баъди лаҳзае қотеона гуфт, ки номаро ба сафорат мерасонад.
-Фариштаҷон, чаро занг назанем? Коди кишварта медонӣ?
-Не воллоҳ, ман аз зодгоҳам берун нарафта будам, кодро аз куҷо бидонам.
-Ишкол надора, ма ба як дӯстум дар Кобул занг мезанум кода меёба. Нумраи телефона аз ёд медонӣ?
Фаришта ба ёд овард, ки Рашид барояш телефони ҳамроҳ харид ва рақамашро дар як коғаз навишт, танҳо ҳамон рақам дар хотираш мондааст. Ӯ пеши ин духтари ҳушёру зирак аз ақибмондагии худ хиҷолат кашид.
-Рақами телефони худамро медонам, телефонам дар хона монд, агар бо шавҳарам иттифоқе наафтода бошад, бояд гӯширо бардорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё