Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Бо ин ҳол мегӯянду механданд, гӯё сатҳи бадбахтии худро эҳсос намекунанд. Рӯгул мегӯяд, ки ин занҳо дар даҳдувоздарсолагӣ издивоҷ карда, аз зоймони барвақтӣ маъюб шудаанд ва бешавҳарӣ барояшон беҳтарин мукофот аст.
Рӯгул бо як модагови сершир, ки ба гуфтаи худаш насл ба насл дар хизмати хонаводааш буд ва ду се халта орд, ки духтараш аз Кобул барояш мефиристод, дар муқоиса ба ҳамсояҳояш шароити беҳтар дорад. Зани саховатманду худотарс аст, пораи нонро дар танҳоӣ намехӯрад. Ҳафтае як бор нон мепазаду ҳамсояҳоро бо бачаҳояшон садо мекунад, ки ба серӣ нону мост бихӯранд.
Бачаҳо он қадр гуруснаанд, ки як луқмаро ба даҳон ва пораи дигарро зери бағал мезананд ва боз ба дастархон чашм медӯзанд. Фаришта ба ин кӯдакони гуруснаи нимаурён нигоҳ мекарду нон дар гулӯяш дармемонд.
Шомгоҳон Рӯгул дар бехи бухорӣ дар рӯшноии чароғи пилтагӣ чодар гулдузӣ мекард ва зери лаб овоз мехонд.
Садояш ширин буду таронаҳояш пуралам.
Баҳори зиндагӣ ранги хазонай, Зи чашмам сели ашк ҳар шав равонай.
Худоҷоне, ба фарёди дилам рас, Ки ин бечораи ғамгин ҷавонай.
Фаришта ба садои ҳазини Рӯгул гӯш медод ва ба рӯзгори худ меандешид. “Аз сарнавишт ҷойи гурез нест, аммо бояд роҳи халосиро ҷӯст, вагарна дар ин дӯзах нобуд мешавам” -мегуфт пеши худ. “Як роҳ фирор аст, аммо фирор ба куҷо? Ин ҷо ҳама ба дасти якдигар об мерезанд ва гумон аст, ки касе барои халосии ҷони як зани ғариба бо қочоқбарҳои мусаллаҳ сар ба сар шавад. Аз рӯи нақлҳои Рӯгул аз ин ҷо то марзи Тоҷикистон ду-се соат роҳ аст, чӣ гуна ноаён худро то марз расонам? Магар мешавад? Ку замонате, ки марзбонҳои афғон маро дубора ба дасти қочоқбарҳо насупоранд!” Фаришта роҳи фирорро аз дафтари зеҳнаш хат мезад ва роҳи дигар меҷӯст.

пешина
аз 473
навбатӣ