Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

-И собуни ироқира бигӣ, бӯи хуш дора, ав басанда аст, роҳат мӯҳои худа бушӯ, -гуфту патуи ғафсро ба дари ошхона зад.
-Кор доштӣ, садом кун, пушти дар мебошум.
Ошхона ҳавои сард надошт, шояд нафаси гарми танӯр ҳанӯз фурӯкаш накарда буд. “Ҳаммом”-и Рӯгулро аз ошхона як пардаи пластикӣ ҷудо мекард. Заминаш сементӣ буд ва мағзоба аз ҷубораки худсохте ба берун мерехт. “Бечора зан, барои худаш шароите сохтаст”. Эҳтирому тараҳҳуми Фаришта ба ин зан бештар мешуд ва ӯ аз дил гузаронд, ки кош то ба суроғаш омадани марзбонҳо бо Рӯгул мемонд.
Фаришта бовар дошт, ки агар Рашид зинда бошад, ҳатман ҳамаро ба по мехезонад ва ӯро пайдо мекунад.”Шояд ман зиёд хушбин ҳастам? Шояд Рашид “мушкилам ба ин шева ҳал шуд” гуфту кайҳо худро ба пеши Мария расонд?
Сарнавишти ноҳамвор Фариштаи афсонагӯро ба вуҷуди муъҷиза нобовар мекард.
Сиҳатии ӯ бакундӣ барқарор мешуд ва ҳанӯз ҳам сулфа азияташ медод. Намехост аз меҳмондӯстии Рӯгул суиистифода кунад ва даст ба корҳои хона мезад, аммо зуд аз ҳол мерафту дар таяки девор ба замин менишаст. Рӯгул мегуфт ин хона он қадар кори зиёд надорад ва маҷбур мекард, ки Фаришта аз бистар баланд нашавад.
Ӯ Фариштаро ба ҳамсояҳои кунҷковаш, ки бо ҳар баҳона сар зада, кӣ будани меҳмонро мепурсиданд, хоҳари домоди кобулиаш муаррифӣ кард. Гуфт, ки аз меҳмон чизе напурсанд ва ӯро хиҷолатзада накунанд, чун забонаш “лакнат” дорад. Фаришта ҳам ба ҳамсояҳо хомӯшона салом мекард ва дар кунҷе хомӯш менишасту ба суҳбати онҳо гӯш медод.
Ҳамсояҳои Рӯгул ҳама фақир ва аксаран беваҳои бесаробонанд. Ҳамсарони онҳо ё дар қочоқи маводи мухаддир кушта шудаанд, ё дар ҷангҳои тӯлонии ин кишвар.
Ҳамсоли Рӯгуланд ва мисли ӯ дар даҳон дандон надоранд. На шикамашон нони сериро мебинад, на танашон либоси хубро.

пешина
аз 473
навбатӣ