ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Мехост каме ҳам бошад танҳо бимонд.
Ӯ ба ин зани меҳрубон эҳтиром қоил буд, аммо ҳоло дилаш на тасаллиро мебардошт на насиҳатро.
Соҳибхона шарми даҳони бедандонашро аз ёд бурду лабханд зад.
-Духтарҷон, ҳаммом куҷо буд, як патура ба дари ошхона мезанум гармтар меша, ҳамуҷа ҷонта бушу, бачем.
-Маро мебахшед, номи шуморо намедонам..
-Номам Рӯгул, ту мара амма ё хола садо кун, чизе, ки дилат мехоя.
-Шумо чанд солаед?
-Инами баҳор қадам ба 38 қадам мемонум.
-Аз ман ҳашт сол бузургтар будаед, Рӯгул.
-Не воллоҳ!
-Бале, мо қариб ҳамсолем, номи ман Фаришта аст.
-Чиқа хуб мондӣ Фариштаҷон, ман баъди фавти шуҳараму писарам, пири фартут шудум, дандонм рехт, дига миҷаву абру намонд, мариз шудум.
Фаришта бо тараҳҳум ба Рӯгул нигоҳ кард, аммо ҷуръат накард ҳодисаро пурсон шавад. Рӯзгул худаш сарнавишташро нақл кард.
Ҳар чӣ кард бо мо ами гӯрсухтаи Ғуломрасул кад. Ҳашт сол пеш ами биродаруш шуҳари мана, писарма бурд дар ами қочоқ ворид кард, ҳардушам дар марз куштан. Рӯгул ашкҳояшро бо лаби рӯймолаш пок кард. Худо ҷазоша бута!
-Дигар фарзанд надоред?
-Чиро, дорам, як духтар дорам, худо умраша бута, шуҳар карду Кобул рафт, соле як бор мия, ё ма пешуш мерам.
-Мехой кумакут кунум, сарта бушуӣ? И рақами зудтар меша, мегум бо дар у сарди мариз нашӣ. Фаришта соҳибхонаро мутақоид кард, ки худаш аз ӯҳдаи оббозӣ мебарояд.
Рӯгул қумғонҳоро ба ошхона оварду ҳамроҳ бо ду сатил оби гарми дохили танӯр, ба як бушкаи калон рехт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё