Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҳавлӣ на ангур дошт на долу дарахт ва аз ҳолу ҳавояш маълум набуд, ки кадом фасли сол аст, охири зимистон аст ё аввали баҳор.
Фаришта аз ҳавои сард сина пур кард, ингор мехост фасли солро аз ҳаво ламс кунад.
Аммо на бӯи барфро эҳсос кард на бӯи баҳорро.
-Мошоллоҳ, хуб шуд, ки аз ҷот булунд шудӣ, и як моҳ хобидӣ бас нест мага, хонумҷон?- Соҳибхона аз чордеворие, ки дар надошт ва эҳтимол ошхона буд, бо як даста нони гарм берун омад, биё хонаи поён гармтар аст, биё ин ҷо мешинем,- гуфт.
“Як моҳ беҳушу бе ёд будам?? Ӯ аз паси соҳибхона ба ҳуҷраи пастаки паҳлуи ошхона даромад, ки як пилтачароғ дошт ва онро бухории чӯянӣ гарм мекард. Панҷараи кӯчаки ҳуҷра, ки бештар ба мӯрӣ шабоҳат дошт, аз буғи оби ҷӯшони қумғонҳои рӯи бухорӣ арақ карда, хонаро ториктар мекард.
-Дар ин як моҳ касе маро суроғ накард?- пурсид Фаришта бо садое, ки рӯҳ надошт.
-Не валлоҳ, у додаршӯи хунхорам фомид, ки ҳолат сангин шуда, худа гуму гур кард. Оли бшнава, ки хуб шудӣ, бо ҳозир меша.
Фаришта ноумед шуд, нигоҳи ботараҳҳуми соҳибхона аламашро бештар кард ва ӯ домани гиряро сар дод. Сар ба зонӯи ғам гузошту ҳой-ҳой гирист. Дили соҳибхона аз ин нолаву фиғон об шуд, паҳлӯи Фаришта нишасту сарашро навозиш кард, барои таскини ӯ ҳарфе намеёфт ва “хонаи бедодгар бусӯза”, - мегуфт.
-Доимо яксон намонад кори даврон ғам махӯр, мега шоире, дилам рӯшан аст, ки корот хуб меша. Диқ наку, бачем, мариз мешӣ.
-Бубин, и оба барои ту мондам, буланд шу муҳойта бушуӣ, як моҳ шуд об ба танут назадӣ.
-Ҳаммом куҷост?- пурсид Фаришта, ки ҳиқ-ҳиқи гиря садояшро мебуррид.

пешина
аз 473
навбатӣ