ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Писарак шармида пеш омад ва дар паҳлӯи соҳибхона чорзонӯ зад. Зан ду се дона талқонро дар як лаълича дар пеши писарак гузошту сари ӯро модарвор навозиш кард.
-И Довудҷон дастёри манай, об меора, ҳезум мешкана, худо умракша дароз куна, бачаи хуба, буху бачем, каме гарм мешӣ. Падар надора, як хоҳару як модар дора, тифлак..
Сари писарак хам шуд, гӯё, аз бепадариаш хиҷолат кашид. Ӯ лӯлаи талқонро дар кафи дастони аз сардӣ кафидаву пур ожангаш чанд дафъа фишурд, аммо иштиҳояш гурехт, ки онро гашта ба лаълича гузошт. Чашмонаш ғарқи об шуданд. Ин дам касе аз берун “Довуд” садо карду писаракро аз ҳолати ноҳинҷор берун баровард ва ӯ чолокона аз ҷой хез зад ба тарафи дар давид.
-И бечораҳо мисли мо бисёр фақиран, худо мадад карду хоҳараш Зармина дар як созмони хориҷӣ кор ёфт, дар Кобул кор мекуна, як моҳ як бор меоя, пайса меора, орду биринҷ меора. Ҳоли бия, ма тура бо ӯ ошно мекунум, духтари хубест. Бигӣ, ҷонам, талқонта буху, модар.
Фаришта як талқонро бо чой хурд, арақ фаровард, пероҳанаш нам кашид.
Соҳибхона ноаён аз хона бадар рафт ва баъди чанде бо як даста либосҳои обшуста баргашт.
-И пераҳан нав нест, аммо тозаст, либосота бадар кун, инора бупуш, - ӯ куртаву тоқиву чодари шолро рӯи зонуҳои Фаришта гузошта, косаи холиро аз лаби дастархон бардошту аз хона берун шуд, то меҳмон роҳат либос иваз кунад.
Фаришта либосҳоро ба бар карду дар такяи девор ба долон баромад. Дар оинаи қадимии девори долон худро диду нашинохт, зане, ки аз оина ба ӯ нигоҳ мекард, бо панҷобии миёнтанги шабеҳи пероҳани арӯсакҳо, дар назараш ноошно буд. Аз оина ба ӯ зане нигоҳ мекард, ки чеҳраи чун барги заъфарон зард, устурхонҳои сураташ барҷаста ва чашмони фурӯрафта дошт.
Ӯ аз дари долон ба берун нигоҳ кард, соҳибхона наменамуд, аммо ҳавлии начандон бузург бӯи алови дегдон ва нони гарм медод, шояд соҳибхона нон мепухт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё