ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
-Девори и хонара худораҳматии шуҳарам ба ҳавас бардошт, ура куштану хона нимкора монд, тобистон ҳамсояҳо кумак карданду бомша пӯшондем, - гуфт соҳибхона хиҷолатомез.
-Зани бемардинара ҳолуш ҳамина.
Фаришта хунук хӯрду дубора ба зери курпа даромад, устухонҳояш аз дард зуқ-зуқ мекарданд.
-Хонумҷон, пусту устухон шуди, сайъ ку я кам ғизо буху, қувва бигирӣ, ҷонут ҷӯр шава, и рақам аз по меафтӣ, - гуфт он зан ва лаби дастархонро ба бемор наздиктар кашид.
Ӯ косаи сӯзони ғизоро аз рӯи бухорӣ бардошту дар назди бемор гузошт. Духтар аз гурусагӣ беҳол буд, аммо ба косаи пур аз алафҳои сабз нигаристу ба он даст назад.
-И алафо амаш бари одами сармозада дорувориан, дилут дур нарава, буху, мо ҳам инсонем, нахо ба ту осеб расонем. - гуфт ӯ бо самимият, аммо шояд вазъияти духтар ба ёдаш омаду зуд хомӯш шуд.
Фаришта бо кӯмаки зан аз ҷой бархосту косаро, ки қошуқ надошт, ба даст гирифт ва обашро дам кашид. Ғизо мазаи бад надошт, мисли оши бурида ҷурғот дошту тезу туршак буд. Иштиҳояш боз шуд.
Ҳезумҳои овардаи Довуд хонаро зуд гарм кард ва рашъаи бадани Фаришта ҳам рафъ шуд. Соҳибхона дар як лаълӣ хокаи шабеҳи сабӯс овард ва дар косаи дигар рӯғани зард. Ҳардуро ба ҳам омехту аз он лӯлаҳои хурд сохт.
-Ин талқон аст, буху, ҷонта ҷӯр мекуна, сармора аз танут меброра, - ӯ худаш як лӯларо гоз гирифту хеле баҳ-баҳу чаҳчаҳ кард ва якеро ба дасти Фаришта дод. Маззаи ношинос дошт, талқон, аммо бадхур набуд, аз хушкӣ дар гулӯ дармемонд.
-Довудҷон, биё бачем, дами дар истод наша, биё талқон буху, бачем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё