ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Чашмонашро дубора пӯшиду ба зеҳнаш фишор овард, саҳнаҳои гаравгонгириву убури дарёи бузург пора-пора ба ёдаш омад. Мисли хорпушт худро дарун кашид ва сарашро зери кӯрпа кард.
Соҳибхона аз ӯ чашм намекард, шояд пай бурд, ки духтар бо воқеият рӯ ба рӯ шудааст. Хам шуду китфҳои ӯро, ки дар зери курпа аз гиря меларзиданд, навозиш кард.
-Худо мехрубон аст, духтар, ноумед наша, буланд шу, худову расул бугу, иншооллоҳ гиреҳи мушкилат боз меша.
Буланд шу, як каме ғизо буху, ин рақамӣ ҳолат вахим меша.
Фаришта дар бехи бухории начандон бузург мехобид.
Кундаи тар дар бухорӣ оҳиста месӯхту нолаҳои ҳазин мебаровард ва кафки зард аз мағзи ҷонаш бурун мешуду аз лаби бухорӣ ба замин мерехт..
-Довудҷон, буру бачем аз ошхона ҳезуми қоқ биёр, ки ин чӯбҳои тар хуб намесӯзан.
Бачаи тахминан 7-8 сола, ки то ҳол аз пушти дар дуздида ба Фаришта нигоҳ мекард, наздиктар омад ва дар ҳоле, ки аз Фаришта чашм намеканд, халтаи холиро аз пеши бухорӣ бардошт.
Дастонаш аз сарди сурху шахшулу пурожанг буд ва дар пояш ҷӯроб надошт. Аз ҳаври даҳонаш маълум мешуд, ки гармии бухорӣ танҳо ба як ду метр мерасид ва он тарафи ҳуҷра хабар надорад, ки дар ин кунҷ бухорие ҳаст. Ӯ дилсӯзона ба Фаришта чашм дӯхт, ангор, бадбахтии ӯро дарк мекард.
Ҳуҷра аз хонаи хоби ӯ дар деҳкадаи Рашид се баробар бузург буду гилеми яклухт надошт, порчаҳои ҳархела дошт, ним палосу ним намади обшӯстаи рангаш ба ҳам омехта, ки фарши гилини ин ҳуҷраи бузургро намепӯшонд. Ранги сафеди деворҳои гаҷнохурда, мисли упо дар чеҳраи пурожанг, ноҳамвору хокистарӣ буд. Сақфи чӯбин тахтаҳои нотарошида ва ҳоилҳои носуфта дошт, гӯё созандагонаш ду се дарахти сари роҳро бо аҷала бурида, таротар ба ин сақф заданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё