ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Ғор аз бӯи тухми луқ ва пиёзи пӯсида пур буд.
Бори дуввум аз аз дарде дар рагҳои танаш бедор шуд.
Марди ношиносе сӯзани қатрачаконро ба шарёни ӯ ворид мекард, рагҳояшро ба осонӣ намеёфт ва бо асабоният сӯзанро берун мекашиду дубора ворид мекард. Ниҳоят рагашро пайдо кард, дард ҳам рафъ шуд. Фаришта дубора ба ғори тираву тор ғелид.
Он ғор ногаҳон пур аз садо шуд, садоҳои ошно, овози модарашро шунид, ки шим- шим мегуфту гов меҷушиду ва бо алам дубайтӣ мехонд, хандаҳои хоҳарзодаашро, ки мегуфт афсонаи бузакро бигӯ, аккоси саги сиёҳро, ки оби даҳонаш овезон бо ҳасрат уллос мекашид ва садои мӯйсафеди сӯфинаморо, ки хутбаи никоҳ мехонд. Садоҳо тадриҷан хомӯш шуданд ва ӯ дар интиҳои ғор рӯшноиро дид.
-Хола, мариз чашмоша воз кад, - фарёд зад касе. Садо кӯдакона буд ва хабари ба худ омадани беморро ба берун мерасонд.
Чашм кушоду зани сиёҳҷурдаеро дид, ки бо чашмони пур аз сурма ва чеҳраи пур аз холҳои кабуд бо тараҳҳум ба ӯ нигоҳ мекард.
-Алҳамдуллилоҳ, хонуми тоҷикӣ бедор шудӣ, и чӣ рақам беҳушӣ буд? Шабу рӯз дуои ҷонета мекадем, -гуфт ӯ бо лабханде, ки даҳони тақрибан бедандонашро ба намоиш мегузошт. Ӯ зуд даҳонашро бо лаби рӯймолаш пӯшонд ва ҳарфашро мисли мардуми бедандони уқдаӣ аз зери остинаш идома дод.
-Фазлиддин, ами духтури рустои мо гуфт, ки илтиҳоби шуш доштӣ ва зинда монданат як муъҷиза буд. Ҳоло бояд ғизо бухурӣ, ки ҷон бигирӣ. Зан дар воқеъ аз беҳтар шудани сиҳатии ин зани ғариб аз таҳти дил шодӣ мекард.
Фаришта бо таҳайюр гоҳ ба чеҳраи ноошнои ин зани холдор нигоҳ мекард ва гоҳ ба дами дар, ки кӯдаке аз он калла мекашиду зуд пинҳон мешуд.
Намедонист, ки ин ҷо куҷо аст ва ин одамҳо кӣ ҳастанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё