ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
-Ира чӣ рақамӣ овардӣ, додаршуҳар, и зан ҷон дар бадан надора? - садои занона возеҳтар ба гӯш расид.
-Ин хонум киста? Чаро сару либосаш тар шуда?
-Хонуми тоҷикӣ аст, ура гаравгон гирифтем, ки бо сарҳадбоно муомила кунем, у падарсаго Вайсиддинро гаравгон гирифтан, агар озодии и хонума бихоҳан, бародари моро озод кунан.
Зан таҳти шуои чароғи керосинӣ чеҳраи духтарро муоина мекард, ӯ бо шунидани калимаи “тоҷикӣ” чароғро ба рӯи мард наздик овард ва норозиёна ба тарафи ӯ ғуррид.
-Чиро ура хонаи худут намебарӣ? Порсол барои ту шуда хонама тирборон кардан, ина бо хонуми тоҷикира овардӣ, ки болои сармон бомба паротоян??
-Вақ-вақ накун, и занака инҷа бисёр намемона, марзбонои тоҷик ура мегиран. Тоҷико ғайратиан, намемонан заношон дасти ба даст шава.
Фаришта аз силлиҳое, ки ба рӯяш мезаданд чашмашро боз кард.
-Худоро шукр, чашмаша боз кард, я рақам таб дора, ки дар алов месӯза. Ҳамшира чӣ ҳол дорӣ? Хубӣ?
Фаришта бо чашмони нимабоз ва бо зеҳне, ки қодири дарки воқеъият набуд, ба ин зани ношинос нигоҳ мекард, чеҳраи ӯро дуруст намедид, гӯё, аз паси панҷараи буғкарда ба ӯ менигарист.
-Ма иҷа ҳиҷ доруву дармон надорум, ин зан бе кумаки дуктур то саҳар намераса. Буру Фазлиддина биёр ира доруву дармон куна, бо мурдаш дарди сари ма наша!
-Фазлиддин гапа овоза мекуна, агар хавар ба гӯши мақомот бураса худшон ира ба тоҷико метан, -гуфт саркардаи қочоқбарҳо андешамандона, аммо аз сукуташ маълум мешуд, ки чораи дигар надорад, магар Фазлиддинро биёрад.
Духтар чашмонашро дубора пӯшиду ба ғори тираву торе ҷар шуд, ҳар қадар меғелид, аммо то охири ғор намерасид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё