ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Рафтораш тавре буд, ки ангор, бо як нигоҳ тамоми достони зиндагии инсонро аз чеҳрааш мехонад.
Хола Наврӯз як зани ҳудудан 75-солаи қадпасте будааст, ки аз лоғарӣ гӯшт дар устухон надошт ва чеҳраи пур аз ожангаш коғази ғиҷимшударо мемонд. Хатту холи сунъие, ки шояд дар ҷавонӣ ба сураташ зада буд, аз тоқи абру ва гунаҳои фурӯрафтааш пойин хамида, дар миёни ин ҳама чину чурук шакл гум карданд. Як шабоҳате ба Рӯгул дошт, аммо Рӯгул дигар буд, аз чашмонаш нуру меҳр меборид. Он чӣ ин пиразани лоғарро қавӣ нишон медод, нигоҳи пармавораш буд, ки беибо ба ҷони одам фурӯ мерафт ва росту дурӯғашро берун мекашид.
Дили Фаришта аз пешомади нохуше гувоҳӣ дод, аммо даст пеши бар ба хола салом гуфт.
Хола саломи Фариштаро бе алейк гузошт ва омирона “бо ма биё!” гуфт. Ҳарду рӯи гилеми сурхи ҷигарӣ, ки гӯё ҳамин ҳоло аз дӯкони қолибоф берун омада буд, рӯ ба рӯи ҳам нишастанд. Хола аз лойҳои хушкидаи домани Фаришта чашм намеканд.
-Исмат чийе духтар? - ниҳоят пурсид ӯ. Тавре пурсид, ки ангор, мехост бигӯяд, ту боз аз кадом гӯре пайдо шудӣ!
-Исмам Фаришта аст... гуфту гӯё Фаришта будан гуноҳ дошт, ки бечораҳолона сарашро пойин андохт.
-Худо куна, ки худут ам Фаришта бошӣ. Чашмота боло ку бинум!
Фаришта мутеона ба кампир чашм дӯхт. Ӯ акнун ба чунин талабҳои таҳқиромез одат мекард. Кампир монанди духтури чашм гоҳ ба самти рост ва гоҳ чап хам мешуд ва Фариштаро аз “дастгоҳи дурӯғсанҷӣ”-и худ мегузаронд”, саранҷом аз чашмони ӯ даст бардошту ба сару танаш часпид.
-Чаро пироҳанат касиф шуда?
Фаришта домани куртаи лоёлудашро зери зонувонаш пинҳон кард ва худро аз қолии сурхи оҳарӣ ба замини бепалос кашид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё