Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Чашмонаш пури об шуд.
Кампир ҳаракатҳои ӯро бодиққат назорат мекард.
-Шопур дар бораи ту чизое гуфт, аммо ма дуруст нафомидум, чӣ ту шуд, ки ай Шӯравӣ иҷа омадӣ?
Фаришта фишурдаи достони зиндагии худро бо ашкҳои гулӯгир ба хола Наврӯз нақл кард. Ҳарчанд мехост гиря накунад, аммо миҷа зада буд, ки сели сиришк ба гунаҳояш рехт. Лаби остини начандон дарозашро поён кашиду ашкҳояшро пок кард. Хеле бадбахту бечора буд. Шояд хато кунад, аммо ба назараш расид, ки баъди шунидани достони зиндагиаш чеҳраи сангини хола Наврӯз нармтар шуд. Дилаш ба ҳоли ин зани ғариб сӯхт, ки наздиктар нишасту китфони ӯро навозиш кард.
-Илоҳӣ, хонат бисӯза қочоқбар, и чӣ рақам кор буд, ки бо и зани бечора кадӣ!? Оли нана бобот диқ кардан, аз ғусса афгор шудан, шуҳари бечорат чӣ шуда?..
Фариштаи муҳтоҷи тараҳҳум сар ба домани хола гузошту ашкҳои ҷамъшудаашро сарозер кард.
-Гиря наку бачем, Худо меҳрубон аст, оли сарнавиштут боз меша, мага ғайри ина?
Занҳои хизматгор ин саҳнаро аз дур медиданд ва ба худ мегуфтанд ин зан чӣ достоне гуфт, ки дили санггаштаи хола об шуд!
-Малола, куҷостӣ?
-Инҷоям хола Наврӯзҷон, чӣ кор кунам?- булбулвор гуфт як духтари резапайкар, ки бо дастони пур аз кафк косаву табақ мешӯст.
-Дастои худа бишӯ ва и хонума ҳаммом бубар, пероҳани тозара Фаҳима барот меяара.
Духтари роҳбалад Фариштаро аз канори ду бинои яке ду ошёна ва дигаре баландтар ба ҳаммом мебурд. Биноҳои сафед бо панҷараҳои бузург ва пардаҳои ҳарир он қадр сокит буданд, ки гӯё бошандае надоштанд. Танҳо хизматгорҳо буданд, ки дар гирду атроф равуо доштанд.

пешина
аз 473
навбатӣ