ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Ҳаммом дуртар аз биноҳо дар гӯшаи аз назарҳо пинҳони ин ҳавлии бузург воқеъ буд ва на дуд дошт, на дудбарое.
Фаршу деворҳои кошинкорӣ ва тахтаҳои мармарӣ дошт.
Фаришта гармобаи ба ин хубиву гармӣ ва обу собуни фаровонро баъди хонаи Рашид бори аввал медид. Чӣ қадр барои инсон зарӯр будани обу собунро акнун эҳсос кард.
Малола, ҳамон духтараки резапайкар аз пушти дар ҳар лаҳза мепурсид, ки чизе лозим дорад?
-Мехой пуштата пок кунум? Фаришта нахост меҳрубонии духтаракро нодида бигирад ва ӯро ба дохил даъват кард. Ӯ ҳам ташнаи ҳаммом будаст, ки зуд либосҳояшро кашиду пушти Фариштаро аз ёд бурд ва ба сару тани худ собун зад.
-Ин ҳаммом моли соҳибои сохтмон аст ва мо бандаҳои хокӣ ба иҷа раҳ надорем, - гуфт Малола, ки сару тани худро бо аҷала собун мезад. Чунон аҷала дошт, ки гӯё касе ӯро думбол мекард, бо сатил ба сару тани худ об рехт ва мисли варзишгаре, ки пеш аз дигарон ба пойгаҳ расидааст, нафас рост кард ва чашмаш ба бадани шабеҳи мармар сафеди Фаришта афтод.
-Ҷонат чи қашанг аст, хонумҷон! Бия, ма пуштата лиф бизанум.
-Накун ин корро, ман хиҷолат мекашам, беҳтараш ман ба пушти ту собун мезанам. Тани духтараки сиёҳҷурда ҳанӯз ҳамчун як зан рушд нокарда буд ва синаҳояш мисли ғурраи себи пешпазак акнун сар мекашиданд. Он қадар лоғар буд, ки дандаҳояшро як-як мешуд шумурд. Фаришта даст ба тани духтар заду нохудогоҳ худро ақиб кашид, пушти ӯ тасматасма захм дошт.
-Ба пуштат чӣ шудаст!?
-Чизеш нест, ... гуфт ӯ ва хам шуду зонувони лоғарашро собун зад. Аммо чун дид, ки Фаришта аз захмҳои пушти ӯ маҳбут шудааст, табассуми гунаҳкоронае дар лабонаш бурӯз кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё