Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

-Достони хубеш нест... 11 солам буд, ки нанам мурд ва сол нагзашта падарам бари ману ду додараком номодарӣ овард. Зани хубуш набуд, бераҳм, дилсиёҳ буд. Бо худ додарша овард, ки 20 солаш буд ва мара доим гӯё хувавор дасмол мекад. Ман намефомидум, чӣ мекна. Як рӯз саргини гав тоза мекадум, ки омад ва да аму оғил мара таҷовуз кад.
Доду фарёд кардум, беҳуш шудум.
Ҳамсояҳо омадан, номодарим ба падарам гуфт, ки ма дар гардани у мардак авезон шудум, ки бо ма амхоба шава. И захмои пушти ма зарби қамчини падарум буда, ки ба гапи номодарим бовард кад. Ду сол баъдуш мара ба оғо бахшидан.
Фазли Худо, иҷа рӯзум беҳтар шуда.
Фаришта аз достони ин духтаки бадбахт мутаассир шуд, аммо дигар чизе напурсид, пушти ӯро оҳиставу модарвор навозиш кард ва лиф зад.
-Валлоҳ мара шарманда кадӣ, - механдид духтар, вале пушташро дур намекард. Малола пушти Фариштаро ҳам лиф зад, ҳарду аз гарми сурху сабук шуданд.
Либосе, ки хола Наврӯз барои Фаришта фиристод, нав набуд, аммо қомати баланд ва камари борики ӯро барҷаста мекард. Малолаи пастаку лоғарак ба чеҳраи зебо, гесувони дароз ва камари борики Фаришта хира шуд.
-Чашми бад дур хонумҷон, чи тур мақбул астӣ!
Фаришта, ки дар ин чанд моҳ баъзе лутфҳои афғониро омӯхта буд - чашмот мақбул аст, Малолаҷон, маро Фаришта садо кун, - гуфт.
Ҳарду баъди ҳаммоми гарм сабук ва бо офият ба сӯи ошхона мерафтанд, ки хонуми хушлибосе дар сари роҳашон сабз шуд. Ончунон зебо буд, ки гӯё наққош ҳар хати чеҳраашро бо ишқ наққошӣ кардааст. Абрувони баланд, чашмони хумории оҳумонанд, пусти чун шир сафед, гесувони чун шаб сиёҳ, лабҳои чун ғунчаи нимшукуфта ва дандонҳои чун шаддаи марҷон дурахшон дошт он зан. Гӯё фариштаи ҳусн аз осмон поён шуда буд. Фаришта мафтуни ин зебоӣ шуд ва наметавонист нигоҳашро аз чеҳраи ӯ дур кунад.

пешина
аз 473
навбатӣ